ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст

Август 11, 2026 08:00

11 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.

***

11 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Унвони «Доктори фахрӣ»-и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардонида шуданд.

***

11 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Конибодом Паранда» оғози расмӣ бахшиданд.

***

11 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди истифода қарор доданд.

11 АВГУСТ:

 Рӯзи парвоз бо пуфаки ҳавоӣ.

***

Рӯзи байналмилалии дили солим.

***

Дар Ҷопон–Рӯзи кӯҳ.

***

Дар Туркманистон–Рӯзи сарҳадбон.

***

Дар Покистон–Рӯзи парчами миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

11 августи соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

11 августи соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Ссоли 1792  дар Фаронса Кумитаи инқилобӣ таъсис дода шуд.

***

Соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.

***

Соли 1877  ситорашиноси амрикоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.

***

Соли 1980 Ангола Конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдуғаффор Абдуҷабборов —соли 1956 — нависанда, тарҷумон ва драматурги муосири тоҷик. Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1988), Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон (1990), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007), узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2010), аъзои ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), аъзои Иттифоқи умумирусиягии нависандагон (2013).

Август 11, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш