ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
12 августи соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.
***
12 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.
***
12 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуданд.
12 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
***
Дар Ҷопон – Рӯзи Суруди миллӣ.
***
Дар Тайиланд – Рӯзи модар.
РӮЙДОДҲО:
Соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардида буд, соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ шуд.
***
12 августи соли 2015 маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.
***
Соли 2015 шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи 16 шаҳри давлатҳои ҷаҳон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии «Роҳи Абрешим» пазируфта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ гардид.
***
12 августи соли 2017 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштараки ҳамкорӣ ба роҳ монданд. Тибқи шартномаи ҳамкории баимзорасида дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) ва Радиои «Ховар FM» рубрикаи нав таҳти унвони «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ» боз карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1877 моҳвораи Миррих — Деймос кашф карда шуд.
***
Соли 1992 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика оид ба таъсис додани Минтақаи озоди иқтисодии Амрикои Шимолӣ созишнома ба имзо расониданд.
***
Соли 1981 компютери фардии IBM PC пешниҳод карда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Нозирҷон Боҳирӣ -соли 1940— шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст






