ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
15 августи соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.
***
15 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рател Паста»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
15 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Марям» ва марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро ба истифода доданд.
15 АВГУСТ:
Рӯзи бостоншиносон.
***
Рӯзи ҳавопаймосоз.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи дӯстони беҳтарин
РӮЙДОДҲО:
15 августи соли 1935 аввалин Спартакиадаи кӯдакони Тоҷикистон баргузор гардид.
***
15 августи соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия намоиши чоррӯзаи маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, хотима ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки зодаи Тоҷикистон Суҳроб Ҳоҷиматов муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ, UNDP) дар Қазоқистон таъйин гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1795 дар Фаронса пули нав – франк ба муомилот бароварда шуд.
***
Соли 1877 ихтироъкор Томас Эдисон аввалин маротиба пешниҳод кард, ки ҳангоми суҳбат бо телефон калимаи «Нello» («Алло») истифода бурда шавад.
***
Соли 1908 ба занони Пруссия ҳуқуқи дар мактабҳои олӣ таҳсил кардан дода шуд.
***
Соли 1950 дар иёлати Ассами Ҳиндустон заминҷунбии 9-бала ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 1000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар бе сарпаноҳ монданд.
***
Соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Раҷаб Ҳусейнов-соли 1941, — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, аъзои Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001).
***
Ҳабибулло Назаров-соли 1907— шоир, нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1958).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст






