ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, якшанбе, 214-умин рӯзи соли 2026 аст
2 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
***
2 августи соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорумро даъват намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро ба баррасии он пешниҳод намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои матбуот изҳорот дода, аз ҷумла иброз намуданд, ки «мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи давлатҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем».
***
2 августи соли 2016 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
2 августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
2 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ ба муносибати 25-солагии таъсиси Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки десантчиёни тоҷик аз неруҳои тавонои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
2 АВГУСТ:
Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёт
РӮЙДОДҲО:
2 августи соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он 64 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон ва Исроил иштирок намуданд.
***
2 августи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани осори адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографие таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо дар вазни + 100 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қуттии почта насб гардид.
***
2 августи соли 1870 дар шаҳри Лондон аввалин метро ба истифода дода шуд.
***
2 августи соли 1914 Олмон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.
***
Соли 1937 дар Олмон калонтарин хор дар таърихи башарият суруда шудааст, ки дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.
***
2 августи соли 1946 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ёрии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд.
***
2 августи соли 2007 бори аввал дар ҷаҳон инсон ба қаъри уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ фуруд омад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, шанбе, 213-умин рӯзи соли 2026 аст






