ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
20 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонида шуданд.
***
20 августи соли 2013 дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шудан табрику таҳният гуфтанд.
***
20 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои Маркази савдои «Ванҷ сити», шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 дар маркази ноҳияи Рӯшон-дар шаҳраки Вамар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибеков ва Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
***
20 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
***
20 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд.
20 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии танбалӣ.
***
Рӯзи байналмилалии нақлиёти тиббӣ
***
Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд.
***
20 августи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шурои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.
***
20 августи соли 2016 дар варзишгоҳи «Авиатор» — и шаҳри Душанбе байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» бозии чорякфиналии Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ҳамин рӯзи соли 2021 Чин ва Тоҷикистон дар дараи Ромит силоҳи навтаринро озмуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1896 телефони рақамӣ ихтироъ карда шуд.
***
Соли 1913 дар Киев аввалин олимпиадаи варзишии умумирусиягӣ баргузор шуд.
***
Соли 1925 дар Рим аввалин хати метро ба истифода дода шуд.
***
Соли 1934 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Созмони байналмилалии меҳнат ҳамроҳ гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст






