ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
27 августи соли 2008 дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот карда, дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ намуданд.
***
27 августи соли 2010 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро шуниданд. Сарвари давлат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш доданд, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонида шавад.
***
27 августи соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ гардид.
***
27 августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро мавриди истифода қарор дода, бо хати истеҳсолӣ ва имконияти он аз наздик шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
***
27 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
27 АВГУСТ:
Рӯзи ҷаҳонии кӯлҳо.
***
Рӯзи байналмилалии бокс
***
Дар Русия – Рӯзи кино.
РӮЙДОДҲО:
27 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид байни намояндагони Тоҷикистону Чин дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.
***
27 августи соли 2013 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.
***
27 августи соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуии масоили дуҷониба доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
***
27 августи соли 2023 дар назди Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ассотсиатсияи моҳипарварон таъсис дода шуд.
***
27 августи соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 пешбарӣ гардид, қабул намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1911 дар Росия клуби футболи «ССКА» ташкил гардид.
***
Соли 1935 дар иёлати Техас зимни раъйпурсӣ бештари аҳолӣ барои аз байн бурдани қонуни зидди машрубот овоз доданд.
***
Соли 1946 дар аввалин конгресси умумиҷаҳонии донишҷӯён дар Прага Иттифоқи байналмилалии донишҷӯён таъсис дода шуд.
***
Соли 1955 аввалин ҷилди китоби «Рекордҳои Гиннес» аз чоп баромад.
***
Соли 2005 нахустин хати метро дар шаҳри Қазон ба истифода дода шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст






