ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
28 августи соли 2012 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ба яке аз қуллаҳои баланди қаторкӯҳи Помир, ки аз ҷониби 75 нафар кӯҳнавардон аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардидааст, «20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гузошта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки зимни фаъолият ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.
***
28 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.
***
28 августи соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони гуногункасб, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
28 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ — 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як зумра намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд.
28 АВГУСТ:
Рӯзи орзу.
***
Рӯзи табиби ҳарбӣ.
***
Дар Полша – Рӯзи авиатсия
РӮЙДОДҲО:
28 августи соли 1992 байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати дипломатӣ барқарор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2003 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Кобул ба Душанбе парвоз анҷом дод.
***
28 августи соли 2008 байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Yunnan Phosphate Chemical Group Co., LTD» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гулгашти замонавӣ бо пайкараҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз қабили Марко Поло, бабри барфӣ, оҳуи бухороӣ ва бузи пармашох (морхӯр), ки бо дизайни замонавӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо санги мармар сохта шудаанд, ташкил гардид.
***
28 августи соли 2025 барои баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1936 ширкати автомобилии «Тойота» таъсис дода шуд.
***
Соли 1933 полиси Англия аввалин маротиба радиоро барои дастгир кардани ҷинояткор истифода бурд.
***
Соли 1966 дар Аргентина ҳуқуқи корпартоӣ бекор карда шуд.
***
Соли 1973 дар Иёлоти Оахакаи Мексика дар натиҷаи заминҷунбии иқтидораш 6.8 балл зиёда аз 520 нафар ба ҳалокат расиданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мансур Бобохонов — соли 1931, — муаррих, доктори илмҳои таърих (1976), профессор (1978), узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, узви пайвастаи Академияи байналмилалии илмии мактабҳои олӣ (1995), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






