ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, душанбе, 215-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 3, 2026 08:00

3 августи соли 2011 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхонаи муштараки «Зарафшон» коргоҳи нави заршӯӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он дар як шабонарӯз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҷудо кунад.

3 АВГУСТ:

Рӯзи тарбуз.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон ин тарҳ ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.

***

3 августи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

***

3 августи соли 2022 дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври 5-уми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бар дастаи Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

***

3 августи соли 2023 дар доираи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз шарикони рушди швейтсариягӣ ду стансияи инноватсионии муосир — Campbell Science CR1000X ва Campbell Science CR6-ро, ки барои омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос доранд, дастрас намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1922 Радиои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  таъсири садо (радиоэффект)-ро истифода бурд.

***

Соли 1926 дар майдони Пиккадилли аввалин маротиба дар Лондон чароғаки роҳ (светофор) насб гардид.

***

 Соли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими анҷоми бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.

***

Соли 1795 Консерваторияи Париж таъсис дода шуд.

***

Соли 2002 аввалин маротиба дар Русия роҳи оҳани босуръат ба истифода дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Алимуҳаммад Муродӣ-соли 1945— Шоири халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Август 3, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш