ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
30 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба истифода супурдани нақби «Озодӣ» («Шар-шар») ва оғози навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
***
30 августи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши IX сарони давлатҳои аъзои БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ -27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Узбекистонро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.
***
30 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.
***
Дар рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.
***
30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
***
30 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварда, бо кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон вохӯрӣ намуданд.
30 АВГУСТ:
Рӯзи кормандони соҳаи кӯҳкорӣ.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт (якшанбеи охири моҳи август).
***
Дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия.
***
Дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони бойгонӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии «Малика» ифтитоҳ ёфт.
***
30 августи соли 2018 дар шаҳри Норак таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид.
***
30 августи соли 2018 дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Палембанги Индонезия Мусобиқа оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуда, варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара соҳиби медали нуқра гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 10-ум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Сингапур иштирок намуд.
***
30 августи соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори «Мардумшиносӣ», ки инъикосгари паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик мебошад, ифтитоҳ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1969 дар поп-фестивали байналмилалии иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 120 ҳазор нафар ҷамъ омаданд.
***
Соли 1973 дар Кения шикори фил манъ карда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҷамшед Исмоилов— соли 1956 — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1989).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст






