ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст

Август 31, 2026 08:00

31 августи соли 2010 дар Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Дабири кулли Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонс масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва НАТО баррасӣ шуд.

***

31 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода  қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

***

31 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ-роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат мукофотҳои давлатӣ супориданд.

***

31 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилот дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.

***

31 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Чин дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

31 АВГУСТ:

Рӯзи кормандони соҳаи байторӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии омӯзиши фосилавӣ.

***

Дар Молдавия – Рӯзи миллии забон.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

31 августи соли 1991 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

31 августи соли 2018 паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия аз намуди гӯштини ҷудо медали биринҷӣ ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Узбекистон сарфароз гардонид.

***

31 августи соли 2020 конфронси вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод  намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1994 хуруҷи неруҳои ҳарбии Русия аз Олмон ба анҷом расид.

***

Соли 1913 дар Голландия клуби футболи «ПСВ» таъсис  ёфт.

***

Соли 1919 дар Ирландия сензураи матбуот бекор карда шуд.

***

Соли 1975 Фонди байналмилалии асъор қарор қабул намуд, ки тибқи он барои ҳисобҳои пулии байналмилалӣ пардохт намудани тилло рад карда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВВАЛУД ШУДААНД:

Очилбой Усмонов, соли 1930— доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1975), профессор (1979). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996), узви  вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).

Август 31, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст