ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, чоршанбе, 217-умин рӯзи соли 2026 аст
5 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»-ро имзо намуданд.
***
5 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон шинос шуданд.
***
5 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ дар Туркманистон бо фаъолияти бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингард байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.
***
5 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Филемон Ян, роҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо ва ҳайатҳои воломақом баргузор гардид, иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
5 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар доираи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду давлат ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.
***
5 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.
5 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳ (светофор).
***
Дар Беларус Рӯзи мақомоти тафтишоти молиявӣ.
***
Дар Латвия Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
РӮЙДОДҲО:
5 августи соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон байни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гардид.
***
5 августи соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистон ва Кипр- «Стар Мост» ба фаъолият оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1886 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин шумораи рӯзномаи «Америка» бо забони украинӣ нашр шуд.
***
Соли 1924 дар Туркия бисёрзанӣ манъ карда шуд.
***
Соли 1949 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Перу зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Соли 1999 Эквадор, Ирландия, Казоқистон, Малайзия ва Тунис барои беяроқгардонии кишварҳояшон ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил шуданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдулҳамид Самад — соли 1947- нависанда, рӯзноманигор. Аз соли 1982 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, сешанбе, 216-умин рӯзи соли 2026 аст






