ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, панҷшанбе, 218-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 6, 2026 08:00

6 августи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

***

6 августи соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  шинос шуда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.

***

6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

6 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи байналмилалии  «табибон барои сулҳ».

***

Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.

РӮЙДОДҲО:

6 августи соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

***

6 августи соли 2021 Форуми 3-юми намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати АМИТ «Ховар» ба тариқи онлайн доир  шуд

***

6 августи соли 2022 таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1889 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико охирин маротиба муҳорибаи бокс бе дастпӯш баргузор гардид.

***

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

***

Соли 1914  Ҷумҳурии Мардумии Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

***

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

***

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дамир Дӯстмуҳаммадов—соли 1941-оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).

 

Август 6, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш