ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, ҷумъа, 219-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 7, 2026 08:00

7 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд. Ин осорхона имрӯз ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги мамлакат табдил ёфтааст.

***

7 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии ҷумҳуриро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардониданд.

***

7 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии таъсиси он сафар карда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ шинос шуданд.

***

7 августи соли 2019 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

7 АВГУСТ:

Рӯзи суханвари касбӣ.

***

Дар Англия–Рӯзи Конститутсия

РӮЙДОДҲО:

7 августи соли 2016 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаҳои мунтахаби «Истиқлол» ва  «Ҳосилот» бо ҳам қувва озмуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Дар он роҳбарону намояндагони 8 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва  ба таври маҷозӣ намояндаи Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1858 шоҳзодаи англис Виктория шаҳри Оттаваро пойтахти Канада эълон кард.

***

Соли 1954 Конвенсияи Гаага «Оид ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ» ҳангоми амалиёти мусаллаҳона мавриди амал қарор дода шуд.

***

Соли 1954 Конвенсияи Гаага дар бораи ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ба ҳукми амал даромад.

***

Соли 1959  моҳвораи Explorer VI –и Амрико аввалин маротиба расми худро аз космос ба замин равон кард.

***

Соли 1970  аввалин мусобиқаи шоҳмот ба воситаи компютер гузаронида шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Раҷабгул Қосимова — соли  1947— ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Август 7, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш