ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, шанбе, 220-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 8, 2026 08:00

8 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.

***

8 августи соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

8 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди Созмони Милали Муттаҳидро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзуи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди истифода қарор дода, ин мавзеи таърихиро зиёрат намуданд.

8 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.

***

Рӯзи байналмилалии табибони чашм.

***

Рӯзи бунёдкорӣ.

РӮЙДОДҲО:

8 августи соли 2022 дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 панҷ муштзани тоҷик ба даври нимниҳоии Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳхат гирифтанд.

***

8 августи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини якуми  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1924 дар шаҳри Москва аввалин хатсайри доимии автобусӣ ба кор оғоз кард.

***

Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардид.

***

Соли 1927 дар Фаронса эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.

***

Соли 1959  дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардид.

***

Соли 1962 дар Олмон аввалин мошини автоматии шустани автомобил дар ҷаҳон патент карда шуд.

Август 8, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш