ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 9, 2026 08:00

9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Тайиланд Пумипон Адунядед мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

9 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Маркази минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

***

9 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум  шинос шуданд.

***

9 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонии АСТ – 3, кони №17, нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L, марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9, бо корхонаи сангу шағалбарории ширкати «Вибилд»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Инчунин Сарвари давлат ба майдончаи назоратии болои «Бинои технологӣ» ва майдончаи назоратии «Сойи оби шӯр»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд ва корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ шинос гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро ба истифода супориданд.

***

9 августи 2023 дар шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

***

9 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

9 АВГУСТ:

Рӯзи китобдӯстдорон.

***

 Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон.

***

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

***

Дар Тоҷикистон –Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон (якшанбеи дуюми моҳи август)

***

Дар Сингапур – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

РӮЙДОДҲО:

9 августи соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шуруъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

***

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

***

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Ҷопон бомбаи атомӣ партофта шуд.

***

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Август 9, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш