ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷуворимакка рустании яксола буда, ба оилаи хӯшадорҳо дохил мешавад. Ватани ҷуворимакка аслан Амрикои Марказӣ аст. Онро сайёҳон ба Аврупо оварданд, ки баъдтар ба дигар мамлакатҳои қитъаи Осиё паҳн гардид. Ин рустанӣ рӯшноипарвар ва гармидӯст мебошад. Он поя, барг ва хӯшагули нағз инкишофёфта дорад. Ҷуворимакка зироати пурқимати ғизоӣ барои инсон ва чорво мебошад. Аз дон, поя ва сӯтаи он беш аз 150 маҳсулоти гуногун тайёр мекунанд.
— Ҳоло мавсими ҷамъоварии ҷуворимакка аст. Бархе одамон ҷуворимаккаи ҷӯшонидаро аз бозору мағозаҳо харида, истеъмол мекунанд. Бархеи дигар ба парвариши ин зироат машғул мебошанд.
Ҷуворимакка на танҳо хӯроки лазиз, балки рустании универсалӣ барои саломатӣ мебошад. Қариб ҳама ҷуворимаккаи ҷӯшонидаро дӯст медоранд. Ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон ҷуворимакка ва намуди бирёнкардашудаи онро дӯст медоранд. Ҷуворимаккаи консервшуда хӯроки хубест ва ба хӯришҳои гуногун илова карда мешавад.
Аз ҷуворимакка орд тайёр карда мешавад. Он ҳамчунин барои тайёр кардани коғаз, линолеум, кислотаи уксус ва дигар махсулот ашёи хом мебошад.
Равғани ҷуворимакка тавассути коркард аз он гирифта мешавад. Аз ҷуворимакка ғизо ва доруи пурарзиш тайёр мекунанд. Равғани ин зироат дар шакли хому тозанашуда барои пешгирӣ ва табобати атеросклерози умумӣ ва минтақавӣ, фарбеҳӣ, бемориҳои рагҳои хунгузар барои диабети қанд тавсия дода мешавад.
Дар таркиби ҷуворимакка бисёр витаминҳо ва унсурҳои муфид ҳастанд, ки барои организми инсон фоида доранд. Инҳо клетчатка, равған ва равғани эфир, витаминҳои А, РР, В, магний, калтсий, оҳан, фосфор, руҳ ва крахмал мебошанд.
Агар инсон ҷуворимаккаро мунтазам истеъмол намояд, он иммунитетро баланд, рӯдаҳоро тоза мекунад, миқдори холестеринро паст намуда, бемории дилро пешгирӣ менамояд. Ҷуворимакка фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар мекунад, метаболизмро суръат мебахшад ва бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад. Ба аллергия моил ва барои одамони гирифтори диабет бехатар аст.
Ба бемориҳои асаб – депрессия, стресс, ҳатто эпилепсия аз пӯпаки ҷуворимакка нӯшоба тайёр карда диҳанд, фоида мебахшад. Моддаи селен, ки дар таркиби ҷуворимакка мавҷуд аст, раванди пиршавиро суст карда, саратонро пешгирӣ мекунад.
Пӯпаки ҷуворимакка ҳам хусусияти табобатӣ дорад. Дар тибби қадим онро барои табобати сурфа, ихтилоли ҳайз, кирми рӯда ва зардпарвин истифода мебурданд.
Тухми пӯпаки ҷуворимакка барои табобати бемориҳои пӯст, омосҳо, варамҳо ва варами бачадон истифода мешавад. Миқдори онро ба ҷойи омос ё варам мемолед, то аз беморӣ раҳоӣ ёбед.
Пӯпаки ҷуворимакка аз нахҳои борику зарди қаҳваранг иборат аст, ки дар қисми болоии донаки ҷуворимакка ҷойгиранд. Дар тибби халқӣ пӯпаки ҷуворимакка аз қадим ҳамчун воситаи табиӣ истифода мешавад. Он дорои витаминҳо, минералҳо ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ мебошад.
Фоидаи пӯпаки ҷуворимакка дар он аст, ки таъсири пешобронӣ дорад. Он метавонад барои беҳтар шудани хориҷшавии моеъи зиёдатӣ аз организм мусоидат намояд. Дар тибби халқӣ онро барои сабук кардани баъзе ҳолатҳои вобаста барои роҳҳои пешоб истифода мебаранд. Антиоксидантҳои таркиби он ҳуҷайраҳои организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат мекунанд.
Барои тайёр кардани дамкардаи пӯпаки ҷуворимакка 1 қошуқ пӯпаки хушкро ба 1 истакон об резед. Зарфро пӯшонида, 15 – 20 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз соф кардан онро давоми рӯз 2 – 3 маротиба, ҳар дафъа ним истаконӣ нӯшидан мумкин аст.
Пеш аз истифодаи мунтазами пӯпаки ҷуворимакка, махсусан барои шахсоне, ки бемориҳои гурда, дил ё фишори паст доранд ё доруҳои пешоброн истеъмол мекунанд, машварати табибон зарур аст. Истифодаи аз ҳад зиёд метавонад боиси аз даст рафтани моеъ ва баъзе минералҳои муҳим гардад.
Ҷуворимакка серғизо ва фоиданок буда, ба организм энергия, витаминҳо ва нахҳои зарурӣ медиҳад. Бо истифодаи дуруст он метавонад қисми муҳими ғизои солим бошад.
Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон






