ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад

Август 16, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мавиз хушкмеваи маъмулӣ буда, тавассути хушконидани ангур тайёр мешавад. Дар натиҷаи хушконидани ангур қисми зиёди оби он хориҷ шуда, моддаҳои ғизоӣ ва қандҳои табиӣ дар ҳаҷми камтар боқӣ мемонанд. Аз ҳамин сабаб мавиз нисбат ба ангури тар ширинтар ва серғизотар мебошад.

Дар таркиби мавиз витаминҳои гурӯҳи В ва С, минералҳои гуногун, ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор, антиоксидантҳо қандҳои табиӣ, нах, калий ва баъзе витаминҳою минералҳо мавҷуданд. Минерали асосии мавиз оҳан буда, истеъмоли он ба муолиҷаи касалии камхунӣ мусоидат менамояд. Инчунин хӯрдани мавиз барои дил, дандону устухон ва чашм манфиати хуби шифоӣ дорад.

Мутахассисон муайян кардаанд, ки гурӯҳи витамини В, ки дар таркиби мавиз мавҷуд аст, ҳолати системаи асабро муътадил нигоҳ медорад. Витамини С дар фасли зимистон масунияти организмро баланд бардошта, қувватнокии инсонро тақвият мебахшад.

Мавиз хушкмеваи серкалория буда, таркиби он аз фруктоза ва сахароза бой аст – 100 грамми он ба 320 килокалория баробар аст. Аз ин рӯ, табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки ба вазни худ аҳамият медиҳанд ва онҳое, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд, набояд мавизро зиёд истеъмол намоянд.

Агар пеш аз хӯрдани таом ба миқдори начандон зиёд мавиз истеъмол шавад, ин ба фоидаи организм хоҳад буд. Хӯрдани мавиз барои кӯдакон, наврасон ва варзишгарон, яъне нафароне, ки ҳаёти онҳо пайваста дар ҳолати рушд ва серҳаракатӣ аст, аз манфиат холӣ нест. Ҳамзамон ин мева метавонад ба занони ҳомила низ кумаки хуб расонад, зеро он имконияти хуби рафъи беқувватию камҳавсалагӣ мебошад.

Ба тавсияи мутахассисон, мавиз барои одамони гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда муфид аст. Ин меваи хушк дорои нахҳои растание мебошад, ки кори рӯдаҳоро беҳтар менамояд. Моддаҳои дар таркиби мавиз мавҷуда кори системаи ҳозимаро беҳтар сохта, аз ҷумла организмро аз ҳар гуна моддаҳои заҳрнок тоза менамоянд. Қабз ва дарунравиро бартараф ва ҳазми ғизоро осон менамоянд.

Мавиз эҳсоси гуруснагиро комилан бартараф менамояд. Ин хусусият ба мо имкон медиҳад, ки афзоиши вазнро ҳангоми харобшавӣ назорат намоем.

Табибон ба ғайр аз таъсири хуби мавиз ба узвҳои дохилӣ ҳамзамон фоидаи ин меваи хушкро дар нигоҳ доштани зебоии зоҳирӣ низ таъкид менамоянд. Мавиз пӯстро аз моддаҳои зарарнок тоза намуда, ба афзоиши фолликулаҳои мӯй мусоидат менамояд. Ҳамзамон пӯстро аз таъсири нурҳои ултрабунафш муҳофизат менамояд. Микроорганизмҳоеро, ки боиси ба кариес гирифтор шудани дандон мешаванд, аз байн мебарад. Аз рӯйи таҳлили мутахассисон, мавиз рехтани мӯйи сар ва хушк мондани сарро пешгирӣ менамояд.

Мутахассисони соҳаи тиб тасдиқ намудаанд, ки мавиз ба кори дил ва рагҳои хунгузар таъсири судманд мерасонад. Истеъмоли он гардиши хунро беҳтар намуда, фишори хунро паст менамояд. Ҳамзамон хавфи сар задани сактаи дилро пешгирӣ намуда, камхуниро бартараф месозад.

Набояд фаромӯш кард, ки мавиз ба организм на танҳо фоида, балки зарар низ дорад. Ин маҳсулотро нафароне, ки ба фарбеҳӣ, захми меъда, диабети қанд, шакли фаъоли сил, кислотанокии баланди меъда гирифтор ҳастанд, бояд бо эҳтиёт бихӯранд.

Мутахассисон хӯрдани мавизро ба нафароне, ки зуд-зуд асабӣ мешаванду хотираашон заиф аст, тавсия медиҳанд. Мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад.

Тарзи омодасозии мавиз

Ангури хушсифат ва ширин (бештар навъҳои кишмиш ва ғафспӯст)-ро ҷамъоварӣ карда, бо усулҳои зерин мавиз омода мекунанд:

-Хӯшаҳои ангурро тоза карда, дар болои тахта ё матоъ дар зери нури мустақими Офтоб мегузоранд. Вобаста ба ҳаво ангур давоми 2–3 ҳафта хушк шуда, ранги тира мегирад.

Барои тезтар хушк шудан ангурро ба деги оби ҷӯшон (ки ба он каме хокистар ё содаи хӯрокворӣ илова шудааст) ба муддати 2–3 сония меандозанд ва сипас дар Офтоб мегузоранд. Ин амал пӯсти ангурро мекафонад ва раванди хушкшавиро то 5–7 рӯз метезонад.

Хӯшаҳои ангурро дар хонаҳои махсуси сояафкан ва дорои шамоли хуб (овезон) мехушконанд. Ин усул тӯлонитар аст, вале мавиз мулоим, хуштаъм монда, ранги табиии худро гум намекунад.

Мавизи тайёр бояд хушк бошад, вале аз ҳад сахт ва сӯхта набошад. Онро дар зарфи тоза ва хушк, халтаи ғизоӣ ё зарфи маҳкам нигоҳ медоранд. Ҷойи нигоҳдорӣ бояд салқин, хушк ва аз нурҳои Офтоб дур бошад.

Дар вақти харидани мавиз ба думчаи он диққат диҳед. Он набояд кандашуда бошад. Дар ҳолати кандашавии думчааш мавиз шираи худро гум намуда, сифаташ паст мешавад.

Хулоса, мавиз на танҳо маҳсулоти ширин ва болаззат, балки як навъ хушкмеваи серғизо мебошад Агар ангури босифат интихоб шуда, дуруст хушконида ва дар ҷойи хушку салқин нигоҳ дошта шавад, мавиз метавонад дар фасли зимистон ҳамчун яке аз хушкмеваҳои хуб истифода шавад.

Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 16, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ