35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ соҳаи обуҳавошиносӣ низ марҳила ба марҳила рушд намуда, дар низоми таъмини амнияти аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ ҷойгоҳи хос пайдо кард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Таваҷҷуҳи Хукумати мамлакат ба соҳаи обуҳавошиносӣ
Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади зуҳуроти хатарноки табиӣ ва тағйироти муҳити зист рӯ ба рӯ гардидааст, аҳамияти фаъолияти обуҳавошиносӣ боз ҳам бештар мегардад. Дар робита ба ин Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди иқтидори соҳа, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Фаъолияти 54 стансияи обуҳавосанҷӣ
Дар 35 соли охир шабакаҳои мушоҳидавии обуҳавосанҷӣ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ гардида, имконоти техникии соҳа васеъ шуданд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 54 стансияи обуҳавосанҷии мануалӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ ва 310 стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардидааст, ки шабакаи мушоҳидавии обуҳавошиносии ҷумҳуриро беҳтар намуда, сатҳи дурустии пешгӯиҳои обуҳавосанҷиро ба таври зарурӣ беҳтар гардонидаанд.
Дурустии пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ
Дурустии пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ ба ҳисоби миёна агар соли 1996 дар маҷмуъ 66 фоизро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар солҳои 2020-2026 ба 85-90 фоиз баробар гардид.
Имзои Созишномаи Париж
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамроҳ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар соли 1998, инчунин ба имзо расонидани Созишномаи Париж дар соли 2016 ва тасдиқи он аз сӯйи Парлумони мамлакат дар соли 2017 мебошад. Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии базиммагирифтаашро иҷро намуда, мунтазам гузоришҳои миллӣ, феҳристи газҳои гулхонаӣ, ҳисоботи дусолаи шаффофият ва саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншударо ба котиботи Конвенсия пешниҳод менамояд. Ҳамзамон барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим тадбирҳои амалӣ меандешад.
Қабули Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардид. Дар доираи он корҳои омӯзишӣ дар пиряхҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, мониторинги пиряхҳо гузаронида мешавад.
Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим
Давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ заминаи мусоиди институтсионалӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим фароҳам оварда шуд. «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки соли 2019 тасдиқ гардид, инчунин Нақшаи амал оид ба татбиқи он барои солҳои 2025–2027 аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими давраи соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Бинои замонавӣ барои обуҳавошиносон
Масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандони Агентии обуҳавошиносӣ низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Соли 2021 Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби бинои нави замонавӣ гардид. Бино бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон
Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ташаббускори иқдомҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид. 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, 21 мартро ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар кард. 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025–2034)»-ро эълон намуд. Ин ташаббусҳо аҳаммияти рӯзафзуни ҳамкории илмӣ ва амалҳои муштаракро дар самти ҳифзи криосфера таъкид намуда, барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сохтмони бинои Маркази обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ
Соли 2025 бинои стансияи барфу тармасанҷии «Навобод» дар ноҳияи Шуғнон ва бинои нави Маркази обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуданд. Ин иқдомҳо дар таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои соҳа нақши муҳим доранд.
Инчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ, ободонӣ ва навсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ идома доранд.
Моҳи сентябри соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин иқдоми муҳим шароити иҷтимоию маишии кормандонро ба таври назаррас беҳтар намуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
Насби стансияҳои худкори ташхиси сифати ҳаво
Бо мақсади мониторинги сифати ҳаво соли 2026 дар 9 минтақаи ҷумҳурӣ- 6 адад дар шаҳри Душанбе, 3 адад дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва Ҳисор стансияҳои худкори ташхиси сифати ҳаво насб гардиданд. Соли 2026 дар доираи ҳамкории самарабахш байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, аз ҷумла дар мавзеъҳои Тартаки ноҳияи Шаҳритус, Сардаи Миёнаи шаҳри Ваҳдат ва Элоки ноҳияи Рӯдакӣ насб ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ барои густариши соҳа иқдомҳои муҳими инфрасохторӣ амалӣ гардида, дар замони рушди босуръати технологияҳои рақамӣ фаъолияти обуҳавошиносӣ низ ба марҳилаи нави технологӣ ворид мегардад. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба масъалаҳои обуҳавошиносӣ ва тағйирёбии иқлим фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ беш аз пеш тақвият ёфта, имконияти пешгӯии зуҳуроти хатарноки табиӣ, мониторинги муҳити зист, омӯзиши пиряхҳо ва таъмини аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодиёт бо иттилооти дақиқу саривақтии обуҳавошиносӣ беҳтар мегардад. Дастовардҳои назарраси соҳа барои рушди устувори соҳаи обуҳавошиносӣ, таҳкими иқтидори илмӣ-техникӣ ва муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






