«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушди устувор: 35 соли созандагӣ ва рушди миллӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Иброз шуд, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо марҳалаи муҳими таърихӣ, балки давраи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди мустақили давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон, новобаста аз имтиҳонҳои сангини ибтидои истиқлолият ва таҳаввулоти печидаи муҳити минтақавию байналмилалӣ тавонист мавқеи худро ҳамчун давлати мустақил, созанда ва ташаббускор устувор намояд.
Таҷрибаи 35–солаи давлатсозии халқи тоҷик нишон медиҳад, ки ҷомеасозӣ дар шароити истиқлолият танҳо ба бунёди сохторҳои нави давлатӣ ё ислоҳи ниҳодҳои мавҷуда маҳдуд намешавад. Ин раванд фарогир буда, ташаккули низоми самараноки идоракунӣ, таҳкими соҳибихтиёрии сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва шаҳрвандӣ, рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва таъмини ваҳдати миллиро дар бар мегирад.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони таърихии интихоби мустақили роҳи рушди миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷиро фароҳам овард. Дар ин замина, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Марҳалаи нави рушди давлат тақозо менамояд, ки имконоти мавҷуда бо истифода аз дастовардҳои илмӣ, технологияҳои муосир, захираҳои инсонӣ ва иқтидори иқтисодии миллӣ самаранок истифода гардида, барои таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои пайгирона андешида шаванд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






