АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ

Сентябрь 9, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд. Дар ин давра мамлакат роҳи пурифтихори давлатсозӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти маорифу илм, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва гузариш ба марҳилаи нави рақамикунониро тай намуд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда ва мавқеи фаъол шинохта мешавад. Дар робита ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ АМИТ «Ховар» андешаи роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатро пешниҳод менамояд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ:

— Истиқлолияти давлатӣ падидаи сиёсӣ дар таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб шуда, оғози эҳёи нави ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодӣ ба шумор меравад. Бо шарофати истиқлолият ва файзи сиёсати бобарору хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо созмону шарикони бонуфузи байналмилалӣ бомуваффақият ба роҳ мондааст. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Хушбахтона, вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ имкон дод, ки Тоҷикистон мизбони на танҳо ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра, ҳамзамон мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ гардад.

Имрӯз бо шарофату нусрати Истиқлоли давлатӣ, тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ парчами миллии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои  сатҳи ҷаҳонӣ ва бахусус мусобиқаҳои варзишӣ ҳамчун инъикоскунандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон мебошад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода:

— Дар даврони соҳибистиқлолӣ илм тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ имкон фароҳам овард, ки низоми идоракунии фаъолияти илмӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир такмил дода шавад. Ҳамзамон рушди ҳамкории байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи ҷаҳон ва иштироки олимони тоҷик дар лоиҳаҳои муштарак ба боло рафтани нуфузи илми миллӣ мусоидат намуд.

Дар замони муосир рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарории баландмаҳсул, биотехнология, нанотехнология ва иқтисодиёти «сабз» самтҳои муайянкунандаи пешрафти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд бо истифода аз имконияти мавҷуда ҷойгоҳи худро дар ин равандҳо таҳким бахшад. Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои илмӣ бештар ба самтҳои афзалиятноки миллӣ, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, рақамикунонии иқтисодиёт, амнияти киберӣ ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ равона карда шавад. Чунин равиш на танҳо ба ҳалли масъалаҳои дохилии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, балки имконияти иштироки фаъоли олимони тоҷикро дар барномаҳои илмии байналмилалӣ низ афзоиш медиҳад.

Вазири маориф илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода:

— Бо талошу пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат барқарор шуда, таҳким ёфт ва барои рушди устувори ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи бисёр душвори сиёсиву иқтисодӣ Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуданд. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо қонун, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи маориф ба таври куллӣ такмил дода шуд. Шабакаи муассисаҳои таълимӣ васеъ гардид, таҳсилоти томактабӣ рушд ёфт, низоми таҳсилоти умумӣ ва касбӣ такмил пайдо кард, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёд шуданд, низоми баҳодиҳии дониш такмил ёфт, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ густариш пайдо намуд.

Дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеяшро дар фазои байналмилалии таҳсилот тадриҷан таҳким бахшида, барои ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва рушди устувори мамлакат заминаи боэътимод фароҳам овард.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, иқтисодиёти донишбунёд ва рақобати ҷаҳонӣ ислоҳоти соҳа идома ёфта, сифати таҳсилот, иқтидори илмӣ, рақобатпазирии муассисаҳои таълимӣ ва сатҳи касбияти кадрҳо боз ҳам баланд бардошта мешавад. Дар ин самт саҳми ҳар омӯзгор, муҳаққиқ, донишҷӯ ва шаҳрванди мамлакат муҳим мебошад, зеро бо саъю кӯшиши муштарак метавон рушди устувори маориф ва илмро ҳамчун пояи асосии пешрафти давлат таъмин намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода:

— Мардуми сарбаланди тоҷик давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ қадру манзалати озодӣ ва истиқлолро амиқ дарк намуда, барои ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо ҳамеша талош менамояд. Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти худро дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлат эҳсос мекунад.

Дар ҳақиқат ҳам таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ аз ҷониби созмону ташкилотои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон Бунафша Файзиддинзода:

— Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон тақвият ёфта, барои таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконияти баробари мардону занон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ба андешаи ман муҳимтарин дастоварди занони тоҷик дар ин давра аз доираи қолабҳои шахшудаи анъанавӣ берун омадан, ба яке аз неруҳои фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфтани зан–модари тоҷик мебошад. Имрӯз зан дар Тоҷикистон метавонад таҳсил кунад, соҳиби касб гардад, соҳибкорӣ намояд, ба фаъолияти илмӣ машғул шавад, дар хизмати давлатӣ фаъолият кунад ва дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ қарор қабул намояд.

Албатта, ҳадаф танҳо зиёд намудани шумораи занон дар вазифаҳо нест. Муҳим он аст, ки занон бо донишу малакаи касбӣ ва масъулияти баланд дар рушди давлат саҳм гузоранд. Аз ин рӯ, дастгирии занон на танҳо масъалаи таъмини ҳуқуқу имконияти онҳо, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи ҷомеа ва давлат мебошад.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ:

— Истиқлол на танҳо падидаи сиёсӣ, балки нидои руҳи ҳар миллат аст. Он нидоест, ки аз умқи таърихи куҳан баланд гардида, дар тору пуди ҳастӣ ва ҳар нафаси озоди халқ танинандоз мегардад. Истиқлол суруди беохири озодӣ ва виҷдону шараф аст, ки дар қалби фарзандони содиқи Ватан бо шуълаи нур ҷилва мекунад. Рӯзгори Истиқлол, бешак, рӯзгори бедорию хештаншиносӣ аст, рӯзгори бозгашт ба решаҳои таърихӣ, рӯзгори эҳёи мафҳуми ватандӯстӣ ва шарафи инсонист.

Вале ҳеҷ истиқлол бе пуштибон ва ҳидоятгар устувор намемонад. Дар роҳи душвору пурхатари Истиқлоли тоҷикон  маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои таърихӣ, дар миёни оташи ҷангу парешонӣ, бо диле саршор аз меҳри Ватан, бо иродаи қавӣ ва бо паёми сулҳу ваҳдат, парчами сулҳу ваҳдати миллатро баланд бардоштанд ва ба сарнавишти миллат маънову мазмуни нав бахшиданд.

Муовини раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода:

— Сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихии ташаккули давлати соҳибихтиёри муосир, таҳкими давлатдории миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва пайдоиши самтҳои нави рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ дар таҳрири нав таҳия, қабул, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозӣ гардидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои конститутсионӣ заминаи устувор гузошт.

Устувории пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муқаддасоти давлатӣ имрӯз танзимкунандаи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои мухталифи кишвар аст, таъмин гардида, дар баробари дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мақоми олии қонунгузории кишвар ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро ҷиҳати қабули қонунҳои муҳим ва рӯзмарраи танзимкунанадаи муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ ба роҳ монд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии дорои эътибори ҳуқуқӣ асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фаъолияти мақомоти қонунгузориро муайян намуд.

Парлумони касбии мамлакат дар даврони истиқлолият бо қабули садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат саҳми назаррас гузошт. Дар таҷрибаи фаъолияти парлумони касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои танзими фаъолияти соҳаҳои ҳаёти давлатӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, оид ба тақозои замон бо таҳрири нав ва тағйиру иловаҳои муҳиму калидӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин Тоҷикистон дар таҳия ва қабули қонунҳои бесобиқаи рӯзмарраи танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ пешгом буда, аз таҷрибаи қонунэҷодкунӣ ва татбиқи амалии ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ давлатҳои дигар таҷриба меомӯзанд. Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Дар ин давра Тоҷикистон роҳи пурифтихори созандагиро тай намуд, ки дар он раванди табдили рақамӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мақоми хосса касб кардааст.

Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода:

— Истиқлолият барои эҳёи худшиносии миллӣ ва бознигарии таърихи миллат имконияти васеъ фароҳам овард. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлолият густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг — ЮНЕСКО мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 узви ЮНЕСКО гардид, ки дар рушди ҳамкории кишвар бо ин созмони байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бештар муаррифӣ мешавад.

Дар ин давра масъалаи омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт. Арзишҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки дар давраҳои гуногун офарида шудаанд, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар қарор гирифтанд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода:

— Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт- озодиро эҳдо намуд ва омили пешрафту тараққиёти мамлакати мо дар ҳама самту соҳаҳо гардид.

Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад.

Истиқлол моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем.

Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва ва барои миллат имконияти бузург фароҳам овард.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода:

— Давоми 35 сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи сулҳу ваҳдат  дар ҳалқаи давлатҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати Президенти Тоҷикистон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ имрӯз каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор ва бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дубора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолии мамлакат паси сар монд. Санаи бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем