Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Сентябрь 19, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 115 — солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода таҳти унвони «Сотим Улуғзода ва тасвиру инъикоси арзишҳои бадеию таърихӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода ва олимони академия оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти адабии Сотим Улуғзода ва нақши ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик сухан намуданд.

Иброз гардид, ки устод Сотим Улуғзода яке аз нависандагони бузурги миллии мост. Ӯ аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки бо осори мондагори худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва таҳкими худшиносии миллии мардум саҳми бузург гузоштааст.

Сотим Улуғзода дар асарҳои баландмазмунаш «Қисмати шоир», «Субҳи ҷавонии мо», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Алломаи Адҳам» ва ғайра симои шахсиятҳои таърихӣ ва қаҳрамонию ҷонфишонии мардуми тоҷикро давоми асрҳо таҷассум намуда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии чандин насли халқамон саҳми арзанда гузоштааст.

Таъкид гардид, ки осори таърихии Сотим Улуғзода барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши таърих ва адабиёти миллӣ аҳаммияти хосса дошта, тавассути онҳо хонанда бо чеҳраҳои бузурги миллат, муборизаҳои таърихӣ ва арзишҳои маънавию фарҳангии гузашта шинос мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи мероси адабии нависанда дар шароити имрӯза низ муҳим буда, ба рушди тафаккури миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат менамояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд