Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 12, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ноҳияи Нуробод якчанд иншооти таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳия бинои иловагии таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд карда шуда, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фарогирии бештари хонандагон ба таълим заминаи мусоид фароҳам меорад. Бинои иловагӣ дорои шароити зарурии таълимӣ буда, барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани беш аз 200 хонанда имконият фароҳам меорад.

Иброз гардид, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Инчунин дар деҳаи Хулозии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф, деҳаи Дегаии Ҷамоати деҳоти Меҳробод,  деҳаи Гардангаи Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳия майдончаи варзишии футбол ва дар деҳаҳои Улфатобод ва Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳия толори варзишии гӯштин ба истифода дода шуд.

Иншоот бо саҳми соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ҷавонони деҳа бунёд карда шуд. Он барои машқу тамрини наврасону ҷавонон ва рушди футбол дар маҳал пешбинӣ шудааст. Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Сокинон ва ҷавонони деҳа аз мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи нав изҳори хушҳолӣ намуда, саҳми соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ҷавонони деҳаро дар ободонии маҳал муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон дар деҳаи Сари Пулаки Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳия якчанд иншооти хизматрасонӣ ва дар деҳаи Таги Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳия биноҳои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона ба истифода дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти деҳаи Сари Пулаки Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо ташаббуси соҳибкор Хирадманд Саломов сохта шуда, аз ҳаммом, сартарошхона ва ошхона иборат мебошанд. Онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ба сокинони маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд. Иншооти деҳаи Таги Ҷамоати деҳоти Сафедчашма бо ташаббус ва саҳми соҳибкор Зафар Ҷалилов бунёд карда шуда, дар он 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти хизматрасонӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳот, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор мусоидат менамояд.

Дар деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимови ноҳия зеристгоҳи барқии «Яхч-110/10 кВ» ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонии иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таъмин иншоот» иҷро гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Зеристгоҳ барои беҳтар намудани таъминоти барқи 16 деҳаи наздики соҳили чапи обанбори Норак бунёд гардида, ба баланд бардоштани эътимоднокии шабакаи барқӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамояд.

Инчунин дар деҳаи Сариқоши Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳия чоҳи амудӣ барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ба истифода дода шуд. Чоҳи амудӣ барои обёрии беш аз 30 гектар заминҳои кишоварзӣ ва боғҳо хизмат намуда, дар таъмини оби полезӣ ва истифодаи самараноки заминҳо нақши муҳим дорад. Иншоот бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва оби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд. Он ба беҳтар намудани таъминоти оби заминҳои кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулот мусоидат мекунад.

Дар ноҳияи Нуробод Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба фаъолият оғоз намуд. Бинои муассиса дуошёна буда, дорои маҷлисгоҳ ва шаш утоқи корӣ мебошад. Иншоот барои фаъолияти кормандони соҳаи роҳдорӣ шароити мусоид фароҳам оварда, барои беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия хизмат хоҳад кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

 

Сентябрь 12, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд