БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр яке аз операторони пешбари телекоммуникатсионии Тоҷикистон таъсиси 25-солагиро ҷашн мегирад. Чоряк аср барои соҳаи алоқаи босуръат рушдёбанда муҳлати тӯлонист. Аз ин рӯ, номбар кардани ҳама дастовардҳое, ки МегаФон Тоҷикистон дар ин муддат ба онҳо ноил шудааст, дар як маводи одӣ ғайриимкон аст. Биёед ба натиҷаҳои асосӣ диққат диҳем. Лекин аввалан хотиррасон бояд кард: дар соли 2001 оператор корро воқеан аз сифр оғоз карда буд.
Аз пойгоҳҳои базавии нахустин – то шабакаи бузург
Ширкат моҳи сентябри соли 2001 таъсис ёфтааст ва аввалин занг дар шабакаи он 2 октябр анҷом дода шуд. Он вақт дар ихтиёри оператори ҷавон дар Душанбе танҳо якчанд пойгоҳи базавӣ қарор дошт. Дар айни замон шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дорои тақрибан 1 860 майдони пойгоҳи базавӣ мебошад. Аз ин шумора, дар тақрибан 1 550 адад ё зиёда аз 80 фоиз пойгоҳи базавӣ технологияи 4G/LTE бо суръати баланди интернети мобилӣ дастрас аст.
Шабакаи хусусии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ, ки шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро мепайвандад ва дарозии умумии онҳо беш аз 2600 километрро ташкил медиҳад, ба интиқоли ҳаҷми бузурги трафики овозӣ ва интернет мусоидат мекунад.
Аз Душанбе – то ҳадду канор
МегаФон Тоҷикистон аввалин операторе буд, ки бунёди шабакаро берун аз шаҳрҳои калон, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон оғоз намуд. Инчунин он аввалин операторе буд, ки интернети 4G-ро дар ҳама марказҳои ноҳиявии Тоҷикистон ба кор даровард. Алҳол алоқаи оператор ба 87,2 фоиз аҳолии мамлакат дастрас аст. Ин бо назардошти душвории бунёди шабака дар кӯҳҳо натиҷаи барҷаста мебошад. Ғайр аз ин, 85,4 фоиз сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз интернети 4G-и баландсуръат истифода баранд.
Аз GSM – то шабакаҳои 4G
Дар соли 2001 операторон танҳо як технологияи рақамӣ доштанд — GSM ё 2G. Маҷмуи хизматрасониҳои асосӣ танҳо ба зангҳо ва SMS маҳдуд буд. Аммо ҳамагӣ чор сол пас МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда, дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шабакаи 3G-ро ба кор даровард. Дар соли 2011 оператор озмоиши шабакаи 4G-ро оғоз кард – ҳамчунин аввалин дар ҷумҳурӣ. Ҳамин тавр инфрасохтори серқабатаи ширкат бунёд ёфта, алоқаи босифатро барои муштариён таъмин намуд.
Танҳо дар 15 соли охир, шуруъ аз соли 2012 «МегаФон Тоҷикистон» 290,5 миллион доллари амрикоиро барои сохтмони инфрасохтор сармоягузорӣ кардааст.
Аз зангҳо – то экосистемаи хизматрасониҳои рақамӣ
Давоми 25 сол алоқаи мобилӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. Технологияҳои инноватсионӣ пайдо шуданд, ки муштариёни МегаФон Тоҷикистон онҳоро аксар вақт аввалин шуда, истифода мебурданд. Дар қатори онҳо – кортҳои электронии eSIM ва технологияи VoLTE, ки овози тозаро бо имконияти ҳамзамон истифода бурдани интернети мобилии 4G фароҳам меорад, қарор доранд. Барои бозори телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ замимаи мобилии «МегаФон Life» – маҳсули дасти оператор беназир буд, он ба корбарон имкон медод, ки хизматрасониҳои алоқаи худро аз тариқи смартфони худ идора кунанд, маблағ интиқол диҳанд, чиптаҳои ҳавопаймоӣ фармоиш диҳанд, суғуртаи мошинро ба расмият дароранд ва ба таври фосилавӣ тариқи як Super App масъалаҳои рӯзмарраро ҳал кунанд.
МегаФон Тоҷикистон инчунин пешниҳодҳои беназири тарофавӣ таҳия кардааст. Масалан, «Биё! Бисоз 2.0» тарофаи сохташавандае мебошад, ки нархи онро худи муштариён муайян месозанд. Ин ҳам бори аввал дар таърих аст. Дар заминаи он тарофаҳои пешпардохтие таҳия гардидаанд, ки онҳо барои пардохти маблағи тарофа барои се, шаш ё нуҳ моҳи минбаъда ва дастраскунии бонусҳо аз ин ҳисоб дар шакли трафики интернети иловагӣ имкон медиҳанд.
Аз аввалин муштарӣ то аудиторияи думиллионнафара
Инноватсияҳои мобилӣ, технологияҳои беназир ва тарофаҳои оператор аз ҷониби корбарон баҳои баланд гирифтанд. Алоқаи «МегаФон Тоҷикистон»-ро дар айни замон зиёда аз 2 миллион муштарӣ истифода мебаранд. Ин тақрибан аз панҷ як сокини ҷумҳурӣ аст — натиҷаи аъло барои бозори рақобатпазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз мутахассисони аввалин — то дастаи калон
Дар оғоз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» як дастаи хурд дошт — ҳамагӣ 15 мутахассиси штатӣ амал мекарданд, ки ҳама дар Душанбе қарор доштанд. Баъзе аз воҳидҳои минтақавӣ, ки солҳои баъдӣ кушода шуданд, бо танҳо ду ё се корманд фаъолият мекарданд. Дар ҳоли имрӯз дастаи оператор аз 770 мутахассиси ботаҷриба иборат аст, ки 28 нафари онҳо дорои унвони олии «Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд. Тахассуси худро кормандон метавонанд дар «Академияи МегаФон» ё тавассути онлайн-платформаи махсус такмил диҳанд.
Ширкат на танҳо нисбат ба мутахассисони худ ғамхорӣ зоҳир мекунад, балки инчунин дар фикри омода кардани кадрҳо барои тамоми соҳаи алоқаи Тоҷикистон аст. МегаФон Тоҷикистон бо бузургтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад ва бо иштироки мутахассисони пешбар маърузаҳо ва машғулияти омӯзишӣ ташкил мекунад. Ҳар сол тақрибан 50-60 донишҷӯ дар ширкат аз коромӯзӣ мегузаранд.
Дар панҷ соли охир «МегаФон Тоҷикистон» беш аз 3,2 миллион сомониро ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ равона кардааст.
Аз тиҷоратӣ одӣ – то тиҷорати иҷтимоӣ
Аз солҳои аввали фаъолият МегаФон Тоҷикистон ба самти хайрия ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Аз дастгирии ширкат хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо, оилаҳои камбизоат, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва омӯзишӣ бархурдор ҳастанд.
Оператор мунтазам соҳаи варзишро дастгирӣ намуда, дар мамлакат мусобиқаҳои кӯдаконаи футбол доир менамояд, ба ҳайси шарики мусобиқаҳо оид ба киберварзиш, волейбол, парапланеризм, варзиши парашютӣ баромад мекунад. Бо ҳамин сабаб МегаФон Тоҷикистон барои бисёриҳо на танҳо алоқа аст. Он ҳамсояи наздик ва дӯсти неке мебошад, ки доимо дар паҳлуи шумост.
МегаФон Тоҷикистон – 25 соли инноватсияҳо ва фаъолият ба манфиати тамоми ҷумҳурӣ!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






