Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд

Сентябрь 1, 2026 07:49

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод”-ро қабул намуд. Тибқи муқаррароти қатънома, оғоз аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав мебошад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад.

Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро 31 августи соли 1955 “Лоиҳаи тобистонаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ” (The Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence) пешниҳод гардид, ки ба ҳайси яке аз ташаббусҳои муҳими илмӣ дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи мустақили таҳқиқотӣ ва пайдоиши истилоҳи «зеҳни сунъӣ» маъруф аст.

Эълон гардидани Рӯзи байналмилалӣ заминаи ҷаҳонии мунтазамро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои рушд, татбиқ ва мудирияти зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешрафта дар ин самт фароҳам меорад.

Дар қатънома аз ниҳодҳо, барномаҳо ва фондҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, Дафтари СММ оид ба технологияҳои рақамӣ ва зуҳуркунанда, Бонки технологии СММ барои кишварҳои камтараққӣ ва ЮНЕСКО ҷиҳати мусоидат ба кишварҳои узв дар таҳияи барномаҳои тақвияти иқтидори марбут ба зеҳни сунъӣ ва таҷлили солонаи Рӯзи байналмилалӣ даъват ба амал оварда шудааст.

Қабули қатънома саҳми боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули муколамаи ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, уҳдадории кишварро дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати инкишоф ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор ва тамоми инсоният тасдиқ менамояд.

Сентябрь 1, 2026 07:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд