Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анқара бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Туркия, роҳбарони корпуси дипломатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, арбобони илму фарҳанг, устодону олимон ва донишмандон аз донишгоҳҳои бонуфузи Анқара, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Туркия иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ дастовардҳои калидии мамлакатро дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал арзёбӣ намуд. Дар суханронӣ, хосатан нақши тақдирсоз ва саҳми боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат таъкид гардид.
Вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Туркия Иброҳим Юмаклӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ самимона муборакбод гуфт. Мавсуф сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаро баланд арзёбӣ намуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарогир байни ду мамлакат изҳори боварӣ намуд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи осори адибону китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд. Намунаҳои нодири сӯзанидӯзӣ, гулдӯзии миллӣ ва осори бойи маънавӣ таваҷҷуҳи хоси меҳмононро ба таърихи куҳан ва тамаддуни ғании миллати тоҷик ҷалб намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия


















Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






