Дар доираи ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» конфронси илмии байналмилалӣ баргузор гардид

Сентябрь 10, 2026 14:59

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», ки 7 сентябр дар Душанбе бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, конфронси илмии байналмилалӣ доир гардид. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар конфронс зиёда аз 80 нафар олимону меҳмонон иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол — пайвандгари тамаддуни ориёӣ»  бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва мероси тамаддунии тоҷикон аҳаммияти бузурги илмӣ ва маънавӣ дорад.

Тоҷикистон чун сарзамини дорои таърихи бисёрҳазорсола дар ташаккули тамаддуни минтақа ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши назаррас дошта, ҳифзу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги бостонӣ ва муаррифии мероси пурғановати халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Мероси таърихию фарҳангии тоҷикон қисми муҳими тамаддуни минтақа ба шумор рафта, омӯзиш ва ҳифзи он масъулияти на танҳо олимону муҳаққиқон, балки тамоми ҷомеа мебошад. Дар ин раванд ҳамкории илмӣ байни муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва марказҳои илмии давлатҳои дигар метавонад барои анҷоми таҳқиқоти муштарак, табодули таҷриба ва муаррифии дастовардҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварад».

Дар идома як зумра олимону муҳаққиқон зимни маърузаҳои пурмуҳтаво масоили гуногуни марбут ба таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, тамаддуни ориёӣ, забон ва адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, мероси маънавӣ ва нақши Тоҷикистонро дар ҳифзу муаррифии арзишҳои тамаддунии ниёгон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2026 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ гардид
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок доранд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд