Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд

Сентябрь 14, 2026 16:36

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави бисёрфунксионалӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд  ба АМИТ «Ховар» аз ин филиал.

Дар озмоишгоҳ аз фанҳои асосии самти энергетикаи барқӣ ва электротехника корҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд. Таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва маҷмааҳои ченкунӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки на танҳо донишҳои назариявӣ гиранд, балки малакаҳои амалии моделсозии низомҳои энергетикӣ, танзими муҳофизати релегӣ, омӯзиши равандҳои гузаранда, таҳлили сифати неруи барқ, талафоти неруи барқ ва усулҳои сарфаи энергияро азхуд намоянд.

Озмоишгоҳи нав чун қисми муҳими муҳити муосири таълимии филиал ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисӣ, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон заруранд, мусоидат мекунад.

АКС: Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 14, 2026 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд