Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XX Осиёии Айчи ва Нагояи Ҷопон-2026 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои дарпешистода, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии онҳо, инчунин муҳимияти иштироки шоиста дар яке аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии қитъаи Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёии Айчи ва Нагояи Ҷопон-2026 Тоҷикистонро аз намуди шиноварӣ намояндагӣ намуда, талош хоҳанд кард, ки бо натиҷаҳои арзанда дар мусобиқаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд. Бояд гуфт, ки Бозиҳои XX Осиёии Айчи ва Нагояи Ҷопон-2026 яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии сол ба ҳисоб рафта, дар он беҳтарин варзишгарони давлатҳои қитъаи Осиё барои ба даст овардани медалҳо ва натиҷаҳои баланд байни ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX Осиёӣ баргузор мешаванд. Мавриди тазаккур аст, ки варзишгари шинохтаи тоҷик оид ба риштаи бокс Миҷгона Самадова парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XX Осиёӣ Ҷопон интихоб гардид.
Дар бозиҳои имсола аз Тоҷикистон 187 нафар иштирок менамоянд, ки аз он 107 нафар варзишгарон буда, аз рӯйи 22 намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд. Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ дар ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор мегарданд. Дар охирин мусобиқа, ки соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, паҳлавонони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали тилло, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






