Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид

Сентябрь 15, 2026 14:37

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт  ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар чорабинӣ Вазири корҳои иҷтимоии Давлати Кувайт Нура Ал-Машъон,  сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аъзои ҷамъияти тоҷикон ва дигарон иштирок карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо ишора ба дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлол таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шуд, таъкид кард, ки мамлакати мо ба сулҳ, ваҳдати миллӣ, рушди пойдор ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, мутавозин ва созанда пойбанд аст.

Сафир бо таъкид бар ҷойгоҳи хосаи Давлати Кувайт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ҳамкории ду мамлакат аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1995 пайваста густариш меёбанд. Дар ин росто, ӯ бар аҳаммияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт дар моҳи ноябри соли 2024 таъкид намуда, аз ифтитоҳи Сафорати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти нахустин сафири муқими кувайтӣ дар Тоҷикистон истиқбол кард.

Хусрав Нозирӣ бо таъкид бар аҳаммияти табдил додани муносибатҳои қавии сиёсӣ байни ду мамлакат ба ҳамкории густардаи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодӣ, ба хусус дар арсаҳои зерсохт, кишоварзӣ, энергетика ва гардишгарӣ,  аз саҳми арзишманди Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ дар амалисозии лоиҳаҳои рушд дар Тоҷикистон ёдоварӣ  кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Панҷумин нишасти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фаннӣ дар Душанбе дар наздиктарин фурсат баргузор шавад.

Сафир бо ишора ба парвозҳои мустақими Кувайт–Душанбе, ки онро ширкати ҳавопаймоии Jazeera Airways анҷом медиҳад, изҳор дошт, ки пули ҳавоӣ байни ду пойтахт ба густариши гардишгарӣ, тиҷорати дуҷониба, сармоягузорӣ ва мубодилаи фарҳангӣ мусоидат мекунанд.

Дар анҷом таъкид кард, ки барои Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт ва тамоми шарикони байналмилалиаш ҷиҳати таъмини сулҳу субот, рушди пойдор ва шукуфоии муштарак дар авлавият қарор дорад.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 15, 2026 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд