Дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо якумин Бонки генетикии растаниҳо ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якумин Бонки генетикии растаниҳо мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Бонки генетикии растаниҳо дар заминаи дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таъсис дода шуд. Он бо мақсади ҳифзи дарозмуддати тухмиҳои растаниҳои арзишманд, нодир ва маҳаллӣ, инчунин нигоҳдории гуногунии генетикии дохилинамудӣ ва хешовандони ёбоии растаниҳо, аз ҷумла намудҳои эндемикии Тоҷикистон мебошад.
Иброз гардид, ки бо таъсиси ин захирагоҳи махсус олимон имкон пайдо мекунанд, ки тухмиҳои растаниҳои маҳаллӣ ва минтақабоб, намудҳои нодиру камёфти растаниҳои ёбоии Тоҷикистонро ҷамъоварӣ, захира ва барои муддати дароз нигоҳдорӣ намуда, онҳоро аз маҳвшавӣ эмин доранд.
Бонк ҳамзамон ҳамчун заминаи муҳими илмӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хизмат намуда, ба олимон имконият фароҳам меорад, ки захираҳои генетикии ҷамъоваришударо дар самти омӯзиши гуногунии биологӣ, таҳқиқи хусусияти ирсӣ, нигоҳдории намудҳои нодир ва ба даст овардани навъу намунаҳои ояндадори растаниҳо васеъ истифода баранд.
Иттилоъ дода шуд, ки бонк барои нигоҳдории тухмиҳои беш аз 1000 номгӯй маводи коллексионӣ дар яхдонҳо дар ҳарорати аз 0 то +3°С ва зиёда аз 5000 номгӯй тухмиҳои растаниҳои гуногунроар қуттиҳои махсуси оҳанин дар шароити ҳарорати нисбатан паст пешбинӣ гардидааст. Ин имконият барои нигоҳдории дарозмуддати захираҳои генетикии растаниҳо ва пешгирии аз байн рафтани намунаҳои нодир аҳамияти махсус дорад.
Дар Бонки генетикии растаниҳо инчунин пойгоҳи махсуси илмӣ ташкил карда шудааст. Дар он маълумоти марбут ба ҳар навъ ва намунаи воридшуда ба қайд гирифта мешавад. Ба ҳар намуна рамзи махсуси генетикӣ (ID) дода шуда, ин низом имконият медиҳад, ки захираҳои генетикии ҷамъоваришуда ба таври муназзам нигоҳдорӣ, муайян ва дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.
Бонки генетикии растаниҳо ҳамчун сохтори муҳими илмӣ дар самти ҳифзи захираҳои генетикӣ метавонад дар оянда ба яке аз заминаҳои асосии рушди таҳқиқоти муосири ботаника, генетика ва физиологияи растаниҳо табдил ёбад. Он ҳамзамон дар таъмини ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мегузорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






