Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ–техникии ноҳияи Нуробод барои 650 нафар бинои нави таълимӣ ва барои 400 нафар хобгоҳи нав бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон сохтмони иншоот идома дошта, соли 2027 ба истифода дода мешавад. Ба истифода додани он қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии таҳсилоти касбӣ дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Бунёди чунин иншооти муосир барои рушди минбаъдаи муассиса ва фароҳам овардани шароити муносиби таҳсилу зиндагии донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад.
Баъди ба истифода додани бинои нав имконоти коллеҷ барои қабули донишҷӯён, ташкили раванди таълим дар шароити муосир ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб ба таври назаррас васеъ хоҳанд шуд.
Амалӣ гардидани ин иқдом ба фароҳам овардани шароити муносиб барои ҷавонони минтақа, афзоиши имконияти таҳсилу касбомӯзӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






