Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Сайҳуни Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд.
Бунгоҳи саломатӣ бо мақсади фароҳам овардани дастрасии аҳолии маҳаллӣ ба хизматрасонии тиббии босифат ва муосир сохта, ба истифода дода шуд. Муассисаи тиббӣ бо кадрҳои зарурӣ, ҳуҷраҳои муҷаҳҳази тиббӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин буда, барои ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳалла шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар деҳаи Темурмалики деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 барои 300 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагӣ дар ин самт вусъат меёбанд.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров Маркази хусусии ташхисию табобатии «MEDIKA» ба истифода дода шуд. Маркази мазкур бо мақсади пешниҳоди хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатии муосир таъсис ёфта, ба баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат мусоидат хоҳад кард.
Инчунин дар деҳоти Исфисор тарабхонаи замонавӣ ифтитоҳ гардид. Ба истифода додани иншооти мазкур дар самти рушди инфрасохтори хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва меҳмонон нақши назаррас мегузорад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шуъбаҳои қабули беморон, физиотерапевтӣ ва офиятбахшии беморхонаи №1-и деҳоти Хистеварз баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Шуъбаҳои навсозишуда бо 20 кати беморӣ таъмин буда, дар онҳо 46 нафар табибону кормандони миёнаи тиббӣ ба фаъолияти касбӣ машғул мебошанд. Дар беморхонаи деҳоти Хистеварз 219 нафар кормандони соҳаи тиб фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ намудани шуъбаҳои беморхона барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






