Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо «Open International Dialogue» зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар чорабинӣ дастовардҳои муҳимми мамлакатро дар даврони Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва имконияти мавҷуда барои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиён ба зарфияти сайёҳӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ Президенти «Open International Dialogue» ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Кристиан Гроссе ба иштирокчиён таассуроти худро аз сафар ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ин мамлакат баён намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ оид ба аҳаммияти идомаи муколама ва таҳкими робитаҳои мутақобили судманд табодули афкор доир шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон













Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд






