Дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои марбут ба маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ тадбирҳои муҳим андешида мешавад

Сентябрь 12, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази минтақавии таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ядроӣ ва муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом — синфхонаи нави муосири таълимӣ барои омода ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ифтитоҳ гардид.

Тавре аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи синфхона Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, аъзои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои дахлдори низомӣ иштирок намуданд.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои синфхонаи нав таъкид гардид, ки он барои баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаҳои амалӣ ва омодагии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои марбут ба маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом пешбинӣ шудааст.

Дар раванди таълим аз технологияҳои муосир, воситаҳои интерактивӣ ва усулҳои моделсозии ҳолатҳои воқеӣ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, шунавандагон сенарияҳои гуногуни вобаста ба дарёфт ва муайян намудани маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, пешгирии интиқоли ғайриқонунии онҳо, арзёбии вазъ дар ҷойи ҳодиса ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба моддаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро мавриди омӯзиш ва тамрин қарор медиҳанд.

Истифодаи технологияҳои нави таълимӣ имконият медиҳад, ки машғулиятҳо ба шароити воқеӣ ҳарчи бештар наздик карда шуда, малакаҳои қабули қарор, муайян намудани хатарҳо, истифодаи таҷҳизоти муайянкунанда ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор такмил дода шаванд.

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ба рушди ҳамкории пайваста бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниходхои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омода намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисон аҳамияти махсус медиҳад. Дар доираи ҳамкории мазкур давраҳои омӯзишӣ, машғулиятҳои назариявию амалӣ, тренингҳо ва машқҳои муштарак баргузор гардида, ба баланд бардоштани омодагии сохторҳои дахлдор барои вокуниши ҳамоҳангшуда ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мусоидат менамоянд.

Ифтитоҳи синфхонаи нав қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм, пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва баланд бардоштани омодагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ ба ҳодисаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ба шумор меравад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ гардид
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок доранд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд