Дар «Саноатсодиротбонк» 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил гардид

Сентябрь 9, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорони муваффақ ва шарикони фаъоли Бонк, кормандон ва намояндагони филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, чорабинӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ — намоиши масири давлатсозии миллӣ, саҳнаҳои театрикунонидашуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, маросими ҷоизасупорӣ ва шодию фараҳи иштирокчиён баргузор гардид.

Таъкид гардид, ҷашни Истиқлол барои мо танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи роҳи тайкардаи давлат, натиҷаи созандагиву ободкорӣ ва неруи созандаи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки «Саноатсодиротбонк» низ дар ин масири рушд бо масъулият саҳми худро мегузорад.

Дар идомаи чорабинӣ ба соҳибкорони муваффақ, муштариёни фаъоли Бонк ва кормандони пешсаф барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ, фаъолияти самаранок ва дастовардҳои меҳнатӣ «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-ҳои «Саноатсодиротбонк» супорида шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Сентябрь 9, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!