Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон дар шаҳри Масқат баргузор гардид, намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва муаррифӣ карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, намоишгоҳи мазкур аз ҷониби ҳайати Ҳукумати Салтанати Умон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон доктор Сауд ибни Ҳамуд ибни Аҳмад Ал-Ҳабсӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода расман ифтитоҳ гардид.
Дар намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳӣ меҳмонон бо намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон шинос карда шуданд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни тармеваҳои Тоҷикистон, аз қабили ангур, нок, хурмо, шафтолу, лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин хушкмева, анвои кулчаву нонҳои миллӣ, либосҳои суннатии тоҷикӣ ва намунаҳои санъати тасвирӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамчунин китобҳо, маҷаллаҳо ва маводи иттилоотию сайёҳӣ оид ба Тоҷикистон, инчунин китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.
Намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёни чорабинӣ қарор гирифта, барои шиносоии онҳо бо таъриху фарҳанги бостонӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Ташкили чунин намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар доираи чорабиниҳои дипломатӣ ба муаррифии шоистаи Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳӣ, инчунин таҳкими робитаҳои Сафорат бо мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ ва доираҳои гуногуни кишвари иқомат мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон













Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






