Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд

Сентябрь 18, 2026 13:28

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистан хабар доданд, дар чорабинӣ муовини Сарвазир — вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшид Кучкаров, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, ниҳодҳои давлатӣ, доираҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва тиҷоратии Узбекистон, корпуси дипломатӣ ва ҳамватанони муқими Узбекистон иштирок карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Исматулло Насредин аҳамияти таърихии истиқлолиятро  дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат ва дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодии давлат таъкид намуд.

Зимни суханронӣ ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон таъкид кард, ки робитаҳои чандинсолаи дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду мамлакат имрӯз мазмуни нав касб намуда, доираи васеи соҳаҳои ҳамкориро фаро мегирад.

Таваҷҷуҳи хосса ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои дипломатияи об ва иқлим, рушди устувор, фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихӣ зоҳир карда шуд.

Дар ин замина аҳамияти рамзии таҷлили байналмилалии 1050-солагии шоири барҷастаи тоҷику форс Робиаи Балхӣ, ки ба Феҳристи санаҳои муҳими ЮНЕСКО дохил шудааст, инчунин қабули Қатънома дар бораи Устувонаи Куруши Кабир ва таблиғи идеяҳои инсондӯстонаи ӯ таъкид карда шуд.

Дар қисми фарҳангии ҳамоиш ҳунармандони шинохта аз Тоҷикистон бо барномаи пурра ва рангин меҳмононро бо ғановати санъати мусиқии миллии тоҷикӣ шинос намуданд. Ҳамчунин дар доираи чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид, ки зебоии либоси миллӣ ва фарҳанги волои тоҷиконаро ба намоиш гузошт. Ин шоми тантанавӣ бо пешниҳоди мизи бошукуҳи идона ва нозу неъматҳои миллӣ таассуроти меҳмононро боз ҳам амиқтар кард.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Сентябрь 18, 2026 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд