Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ ҳамоиш баргузор шуд, ки дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба дастовардҳои назарраси ҷумҳурӣ дар самти рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти вазъи буҷету қарзи давлатӣ, беҳтаршавии захираҳои асъорӣ ва бахши бонкӣ, инчунин татбиқи муваффақонаи барномаҳои ислоҳотӣ бо дастгирии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки дар сохтмони иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 12 муассисаи молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ менамоянд. Зимни ҳамоиш таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон дар бозори байналмилалии евробондҳо, рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ ва имконияти барориши аввалин коғазҳои қиматноки сабз пешниҳод карда шуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






