DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир, ки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонӣ бо суръати баланд идома дорад, масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Пешрафти босуръати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои васеъ, ҳамзамон хатари пайдоиши таҳдидҳои нави бесобиқаро зиёд намудааст. Яке аз мураккабтарин ва хатарноктарин таҳдидҳои нави рақамӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ин технологияи Deepfake (Дипфейк) ба ҳисоб меравад.
Истилоҳи Deepfake аз якҷояшавии ду калима — Deep learning (омӯзиши амиқ) ва Fake (сохта ё қалбакӣ) ба вуҷуд омадааст. Ин технология ба усулҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои тавлидии рақобатпазир (GAN-Generative Adversarial Networks), такя мекунад. Тавассути ин равишҳо имкон пайдо мешавад, ки тасвирҳо, аудио ва видеоҳои сохтаи одамон чунон аниқ ва мукаммал эҷод ё тағйир ёбанд, ки фарқ кардани онҳо аз воқеият амалан ғайриимкон мегардад.
Аз нуқтаи назари амнияти иттилоотӣ, хатари асосии Deepfake дар халалдор кардани боварии ҷомеа ба аслияти маълумот ва таҳриби принсипи боэътимодии иттилоот мебошад. Агар қаблан сабтҳои видеоӣ ё аудиоӣ ҳамчун далели раднопазири воқеият хизмат мекарданд, имрӯз истифодаи Deepfake ин бовариро комилан зери суол мегузорад. Ин ҳолат барои ҷомеа ва давлат таҳдидҳои гуногунҷабҳаро эҷод мекунад.
Дар соҳаи амнияти миллӣ ва сиёсат, Deepfake ба як воситаи хатарноки ҷанги иттилоотӣ ва ахбори барғалат табдил ёфтааст. Эҷод ва паҳн намудани видеоҳои қалбакии раҳбарони давлатҳо ё сиёсатмадорон дар бораи баёнияҳои адоватомез, эълони қарорҳои хато ё нооромиҳо метавонад дар бӯҳронҳо ваҳшати ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, ба суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар таҳдид намоянд. Инчунин, истифодаи ин технология дар остонаи интихоботҳо метавонад ба раванди демократӣ таъсири манфии ҷиддӣ расонад.
Дар соҳаи иқтисодӣ ва молиявӣ, ҳамлаҳои фишингии овозӣ (Deepfake-vishing) ва истифодаи симои сохтаи роҳбарони ташкилотҳо хавфи ҷиноятҳои кибериро ба таври назаррас меафзояд. Ҷинояткорон тавассути тақлиди дақиқи овози роҳбарон ё шахсони масъул метавонанд кормандонро ба гузаронидани маблағҳои калон ё дастрас кардани маълумоти махфӣ ё дастрасиаш маҳдуд водор созанд. Илова бар ин, сохтакории чеҳра ва овоз метавонад барои давр задани низомҳои шиносоии биометрӣ дар бонкҳо ва махзанҳои маълумоти давлатӣ истифода шавад.
Хатари дигари иҷтимоию психологии Deepfake дар пайдоиши ҳолате мебошад, ки онро «инкори дипфейк» (Liar’s Dividend) меноманд. Дар ин шароит, шахсони ҷинояткор ё ғайриқонунӣ амалкунанда метавонанд далелҳои воқеии видеоиро «Сохтакорӣ – Deepfake» эълон карда, аз ҷавобгарӣ сарпечӣ намоянд ва ҳақиқатро зери шубҳа гузоранд. Инчунин, истифодаи симои шаҳрвандон барои сохтани видеоҳои ғайриахлоқӣ ба шараф, обрӯ ва амнияти шахсии инсонҳо таҳдиди мустақим дорад.
Таҷрибаи муосири амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад, ки муқовимат ба таҳдидҳои Deepfake танҳо бо як усул маҳдуд намешавад ва муносибати маҷмӯиро тақозо мекунад. Барои ҳифзи фазои иттилоотӣ роҳандозии як қатор чораҳо зарур аст.
Аввалан, рушд ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири ташхиси худкоркунонидашудаи зеҳни сунъӣ, ки метавонанд хурдтарин рафторҳои шубҳанок ва сохтакориҳоро дар видео ва аудио муайян созанд. Баъдан, истифодаи технологияҳои нишонагузории рақамӣ (Digital Watermarking) ва блокчейн, низ барои тасдиқи аслияти маводи медиавӣ ва пайгирии манбаи онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Омили дигари муҳим ин такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва муҷозоти ҷиноятӣ барои сохтан ва паҳн намудани маводи сохтаи таҳдидовар, инчунин ҳатмӣ кардани тамғагузории маводи ба воситаи зеҳни сунъӣ сохташуда мебошад.
Дар баробари ин, баланд бардоштани маърифат ва саводнокии рақамии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Таҳлилҳо бозгӯи он аст, ки қисми зиёди ҳамлаҳо ва маълумотҳои бардурӯғ бо истифода аз беэҳтиётии истифодабарандагон ва набудани тафаккури пешқадам паҳн мегарданд. Омӯзонидани ҷомеа ва истифодабарандагон барои санҷиши чандҷонибаи манбаъҳои иттилоотӣ хавфи таъсири манфиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Ҳамзамон, барои таъмини устувории инфрасохтори давлатии рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи амнияти иттилоотӣ, роҳандозии мониторинги доимии шабакаҳо, гузаронидани санҷишҳои мунтазами амниятӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза зидди ҷиноятҳои фаромиллии киберӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.
Ҳамин тариқ, Deepfake имрӯз ба яке аз муҳимтарин таҳдидҳои нави амнияти иттилоотӣ табдил ёфтааст. Рушди босуръати ин технология тақозо мекунад, ки масъалаи ҳифзи фазои иттилоотӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, тавассути тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори амниятӣ, кори муташаккилона ва баланд бардоштани маърифати рақамии ҷомеа амнияти миллии кишвар дар фазои рақамӣ таъмин карда шавад.
Юсуфҷон БОБОАЛИЕВ,
сармутахассиси раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумоти
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






