Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+14 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






