Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 35 соли Истиқлолият давлатӣ ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳими вилояти Суғд заминаи устувор гузошта шуд. Маҳз бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилоят аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ раҳоӣ ёфта, ба марҳилаи созандагӣ ва рушди босубот ворид гардид. Рушди соҳаҳои вилояти Суғдро дар солҳои соҳибистиқлолӣ сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Ҳокимбек Накҳатзода шарҳ медиҳад.
Рушди соҳаи саноат
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 5,4 миллиард сомонии соли 1991 ва 1,5 миллиард сомонии соли 1995 ба 26,2 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ва ба 39,1 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки суръати рушди он бо нархҳои амалӣ мутаносибан нисбат ба соли 1991 7,2 баробар ва соли 1995 26,1 баробар зиёд аст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба 20,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 11,0 фоиз ё ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 119 адади соли 1991 ба 1334 адад ба ҳолати 1 июли соли 2026 расонида шудааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 1991 11,2 баробар ё 1215 адад зиёд мебошад. Дар 5 соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо 7,3 ҳазор ҷойи кори нав бунёд ва ба истифода дода шуд. Шумораи миёнаи кормандон дар соҳаи саноат соли 2025 ба 36,3 ҳазор нафар баробар гардид.
Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 265 намуди маҳсулот дар соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда соли 1991 68 ададро ташкил дода буд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 3,4 баробар ё 197 номгӯй зиёд аст.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилояти Суғд афзалият дошта, ба ҳисоби миёна 58,7 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи вилоят ба ҳисоби миёна соли 2025 13049,7 сомониро ташкил додааст.
Саноати ангишт
Соли 2025 бо назардошти талаботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, ҳамзамон тақвият бахшидани иқтидори содиротии корхонаҳои соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангишт 2 миллиону 214 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ва таърихи саноати ангишт дар вилоят мебошад. Нисбат ба соли 1991 истихроҷи ангишт 7,4 баробар ва соли 2000 100 баробар афзоиш ёфтааст. Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» бузургтарин корхонаи истихроҷи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, истихроҷи ангиштро аз 300 ҳазор ба 900 ҳазор тонна расонидааст. Бо назардошти ҳаҷми фаровони захираҳои ангишт ва имконияти мавҷуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият ва рушди соҳаи саноати ангишт заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Дар айни замон содироти ангишт ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ карда шудааст.
Соҳаи кишоварзӣ
Вилояти Суғд дар ҷумҳурӣ яке аз минтақаҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, кишоварзӣ аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти он маҳсуб мешавад. Сокинони вилоят дар истеҳсоли пахта, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ, хӯроки чорво, боғу токпарварӣ, истеҳсоли гӯшту шир ва дигар намуди маҳсулот дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳиссаи назаррас доранд.
Соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 25,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2024 11,0 фоиз ва нисбат ба соли 1991 9,9 баробар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, маҳсулоти растанипарварӣ 17,8 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 8,7 фоиз ва соли 1991 90,6 баробар ва маҳсулоти чорвопарварӣ 8,1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 16,4 фоиз ва соли 1991 11,9 баробар зиёд гардидааст.
Соли 2025 ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 30,6 фоиз, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 31,5 фоиз ва чорвопарварӣ 28,9 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 389,0 ҳазор тонна, пахта- 118,7 ҳазор тонна, картошка- 743,7 ҳазор тонна, сабзавот- 722,7 ҳазор тонна, полезиҳои хӯрокворӣ- 173,4 ҳазор тонна, хӯроки чорво (ба ҳисоби воҳиди хӯрока)- 579,1 ҳазор тонна, мева- 278,6 ҳазор тонна, ангур- 63,7 ҳазор тонна, гӯшт- 105,6 ҳазор тонна, шир- 333,3 ҳазор тонна, тухм- 927,8 миллион дона, пашм- 1,8 ҳазор тонна, пилла- 65,7 тонна ва асал ба 1068,3 тонна расонида шудааст.
Нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо 285,7 ҳазор тонна ё 3,8 баробар, картошка 722,9 ҳазор тонна (35,9 баробар), сабзавот 597,3 ҳазор тонна (5,8 баробар), полезиҳои хӯрокворӣ 160,2 ҳазор тонна (13,1 баробар), хӯроки чорво 403,3 ҳазор тонна (3,3 баробар), мева 233,9 ҳазор тонна (6,2 баробар), ангур 25,1 ҳазор тонна (1,6 баробар), гӯшт 83,5 ҳазор тонна (4,8 баробар), шир 248,6 ҳазор тонна (3,9 баробар), тухм 765,1 ҳазор дона (5,7 баробар), пашм 1,3 ҳазор тонна (4,2 баробар) ва асал 918,3 тонна ё 7,1 баробар зиёд гардидааст.
Давоми солҳои 1991-2025 чорводорӣ дар вилоят рушд ёфта, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калон ба 895,7 ҳазор сар, аз он модагов 483,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 2175,4 ҳазор сар, асп 10,3 ҳазор сар ва паранда 7095,4 ҳазор сар расонида шудааст.
Сохтмон дар вилояти Суғд
Рушди соҳаи сохтмон яке аз омилҳои пешрафти иқтисоди вилоят маҳсуб шуда, дар шароити имрӯза баробари дигар соҳаҳо яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва афзалиятнок ба шумор меравад.
Дар вилоят ба ҳолати 1 июли соли 2026 маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон 2,1 миллиард сомониро ташкил додааст, ки аз он 160,2 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Ҳиссаи ҳаҷми маблағгузориҳо дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 14,6 фоизи маблағгузориҳои умумӣ дар ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд рост меояд.
Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, давоми Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят дар масоҳати 10,5 миллион мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуднд, ки 34,6 фоизи маҷмуи хонаҳои сохташуда дар сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар ин давра дар вилоят мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 141,9 ҳазор ҷойи талаба (25,2 фоиз дар сатҳи ҷумҳурӣ), муассисаҳои томактабӣ бо 12,9 ҳазор ҷой (41,0 фоиз дар сатҳи ҷумҳурӣ), беморхона бо 3,9 ҳазор кат (32,3 фоиз дар сатҳи ҷумҳурӣ) бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Афзоши сармоягузорӣ
Соли 2025 сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 4,5 милиард сомонӣ истифода карда шудааст. Ин нишондиҳанда соли 1991 0,6 миллион сомониро ташкил дода буд, ки мутаносибан нисбат ба солҳои 2000 109,1 баробар, 2005- 37,3 баробар, 2010- 7,3 баробар ва 2020 3,4 баробар афзудааст.
Дар маҷмуъ, давоми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ дар сатҳи вилоят ба маблағи 20,4 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд.
Иншооти ҷашнӣ
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоят 12 000 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, аз 1 декабри соли 2025 3000 адад нақшаи иловагӣ тасдиқ гардид. Ба ҳолати 1 июли соли равон 14 ҳазору 355 адад ё 119,6 фоизи иншооти ҷашнӣ пурра ба истифода дода шуда, сохтмони боқимондаи нақшаи иловагии иншооти ҷашнӣ дар вилоят идома дорад. Аз 14 ҳазору 355 иншооти ҷашнӣ 614 адад коргоҳи истеҳсолӣ, 489 иншооти тандурустӣ, 1117 иншооти маориф, 156 иншооти фарҳангӣ, 372 иншооти хизматрасонӣ, 419 майдончаи варзишӣ, 483 бинои истиқоматӣ, 114 бинои маъмурӣ, 2074 иншооти савдо ва хӯроки умумӣ, 2712 роҳу пул ва 5805 адад дигар намуди иншоот мебошанд.
Гардиши савдо ва хизматрасонии пулакӣ
Дар вилояти Суғд ҳаҷми гардиши савдои чакана, таъмиру хизматрасонии техникии автомобилҳо ва мотосиклҳо соли 1991 ба 1,9 миллион сомонӣ, соли 1995 ба 2,5 миллион сомонӣ ва соли 2025 ба 18,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати рушди он бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан нисбат ба соли 1991 9684,5 баробар ва соли 1995 7360,2 баробар зиёд шудааст. Ҳамзамон тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми гардиши савдо дар сатҳи вилоят дар 6 моҳи соли равон ба 120,0 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 15,9 фоиз ё ба маблағи беш аз 2,0 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар вилоят аз тарафи ҳамаи соҳаҳои хизматгузор (хизмати маишӣ, нақлиёт, алоқа, хизмати коммуналӣ, тиб, маориф ва дигар хизматгузорон) соли 1995 ба 221,4 миллион сомонӣ ва соли 2025 ба 5,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки суръати рушди он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 1995 26,4 баробар зиёд шудааст. Ҳамзамон тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар сатҳи вилоят дар 6 моҳи соли 2026 ба 2,9 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Давоми 35соли Истиқлолияти давлатӣ ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ аз 22,8 миллион тонна бори соли 1991 ба 58,7 миллион тонна бор дар соли 2025 расонида шуд, ки суръати рушди он нисбат ба соли 1991 2,6 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра ҳаҷми мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ аз 144,7 миллион нафар дар соли 1991 ба 311,4 миллион нафар дар соли 2025 расонида шуд, ки суръати рушди он нисбат ба соли 1991 2,2 баробар афзоиш ёфтааст. Шумораи корхонаҳои нақлиётӣ аз 10 адад дар соли 1991 ба 70 адад дар соли 2026 расонида шуд.
Шумораи аҳолӣ дар вилояти Суғд
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, шумораи аҳолии вилояти Суғд ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба 3015,1 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 1991 1673,7 ҳазор нафар ё 1,8 маротиба зиёд мебошад. Афзоиши табиии аҳолӣ дар соли 2025 ба 51463 нафар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 12,3 фоиз зиёд шудааст.
Шумораи аҳолии вилояти Суғд ба ҳолати 1 апрели соли 2026 ба 3025,1 ҳазор нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, дастовардҳои мақомоти омори вилояти Суғд дар даврони 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯйи рушди устувори низоми омори давлатӣ мебошанд.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






