МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт

Сентябрь 13, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имсол 35-солагии онро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирем, барои тамоми сокинони мамлакат, хусусан занону модарон марҳилаи нави эҳё ва шукуфоиро оғоз намуд. Давоми сеюним даҳсолаи охир таҳти сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфта, ба неруи пешбарандаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат табдил ёфт.

— Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик ҳамеша соҳиби заковати баланд, дурандешӣ ва иффат будааст. Аммо маҳз даврони истиқлолият ба занон имкони бесобиқа дод, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият намоянд. Имрӯз ягон соҳаро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур карда наметавонем.

Давоми 35 соли Истиқлолият дар Тоҷикистон заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва баробарии гендерӣ эҷод карда шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи мардон ва занонро кафолат медиҳад. Инчунин қабул ва амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалӣ намудани онҳо» ва якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ шаҳодати таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти давлат ба ин масъала мебошад.

Фармони таърихии Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар таърихи муосири занони тоҷик сабт шуд. Ин ҳуҷҷат ба ҷалби густурдаи занон ба соҳаҳои мухталифи идоракунии давлатӣ ва зинаҳои калидии қабули қарорҳо такони бузург бахшид.

Агар ба омори 35 соли охир назар андозем, мебинем, ки теъдоди занон дар мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Занони тоҷик имрӯз ҳамчун вазир, раисони шаҳру ноҳияҳо, судяҳо ва дипломатҳо бо масъулияти баланд хизмат мекунанд. Онҳо дар Парлумони мамлакат дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба манфиати ҷомеа ва рушди давлат нигаронида шудаанд, саҳми арзанда мегузоранд.

Сиёсати пешгирифтаи давлат барои омода намудани кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд нишон медиҳад, ки давлат ба неруи созандаи онҳо эътимоди комил дорад. Ҷудо шудани Квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст яке аз ташаббусҳои муҳимтарине буд, ки ба ҳазорон ҷавондухтарон имкони таҳсили олӣ ва соҳиб шудан ба касбу кори муносибро фароҳам овард. Ин духтарон имрӯз баъд аз хатми донишгоҳҳо ба зодгоҳ баргашта, дар пешрафти маҳал саҳм мегузоранд.

Давоми 35 соли истиқлолият занони Тоҷикистон на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки дар иқтисодиёт низ самти фаъолиятро васеъ намуданд. Таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои стандарт ва рушди фаъолияти соҳибкории занон замина гузошт, то ҳазорон занони ҳунарманд ва ташаббускор корхонаҳои хурду миёна таъсис диҳанд. Имрӯз занони соҳибкор дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ садҳо ҷойи нави кор ташкил намуда, бо ин дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлат саҳми мустақим мегузоранд.

Соҳаҳои маориф ва тандурустиро беш аз ҳама метавон соҳаҳое номид, ки дар онҳо занон аксариятро ташкил медиҳанд. Муаллимаҳо ва табибони мо дар тарбияи насли наврас, солимии ҷомеа ва ҳифзи генофонди миллат ба таври шабонарӯзӣ хизмат мекунанд. Дар соҳаи фарҳанг ва варзиш занону духтарони тоҷик дар 35 соли истиқлолият парчами давлатиро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, номи Тоҷикистонро дар хориҷи он низ машҳур гардониданд.

Дар маҷмуъ, 35 соли Истиқлолияти давлатӣ исбот намуд, ки зани тоҷик қодир аст дар баробари мардон рукнҳои давлатдориро устувор нигоҳ дорад, фарзандони солеҳу ватандӯст тарбия кунад ва дар пешрафти ҷомеа нақши ҳалкунанда дошта бошад. Дастгирии доимии роҳбарияти олии давлат аз занон ва модарон кафолати он аст, ки дар оянда низ мақоми зан дар Тоҷикистон баландтар хоҳад шуд, зеро устувории оила ва ҷомеа мустақиман ба соҳибмаърифатӣ ва фаъолнокии занон пайванд дорад.

Малоҳат РУСТАМЗОДА,
муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт»

Сентябрь 13, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд