Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026 то 15 сентябр тамдид намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд.
Тамдиди давраи бақайдгирӣ бинобар зиёд будани шумораи хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуд. Реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шудааст. Барои бақайдгирии давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар баъзе муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷойҳои иловагии холӣ эълон карда шуданд, ки рӯйхати он дар сомонаи Марказ гузошта шудааст.
Маълумоти муфассал дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026-ро аз сомонаи Марказ ё тавассути телефонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 пайдо кардан мумкин аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






