«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар то гирифта шудани пардохти навбатии абонентӣ ҳоло якчанд рӯз монда, лекин трафики интернет аллакай ба поён расида истода бошад, чӣ кор бояд кард? Истифодабарандагони алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» ду варианти одӣ доранд: азнавпайвасткунии тарофа пеш аз муҳлат ё истифодаи бастаи иловагии «Боз ҳам 3.0».
Роҳи 1: азнавпайвасткунии тарофа
Агар на танҳо интернет лозим бошаду Шумо барои истифодаи ҳамаи имкониятҳои тарофаи худ хоҳиш дошта бошед, метавонед анҷоми давраи ҷории ҳисоббаробаркуниро мунтазир нашуда, тарофаро пеш аз муҳлат пайваст намоед. Пас аз ин боз дақиқаҳо, гигабайтҳо ва дигар хизматрасониҳои ба баста дохилшуда дастрас мешаванд. Ин роҳи аз ҳама қулай аст.
Тарофаро метавон мустақилона тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» аз нав пайваст намуд. Барои ин лозим меояд, ки замимаро кушода, дар саҳифаи асосии «Тарофаи ман» «Муфассал»-ро интихоб намуда, тугмаи «Аз нав пайваст кардан»-ро пахш намоед.
Роҳи 2: бастаи «Боз ҳам 3.0»
Агар то навшавии тарофа хеле кам вақт монда бошаду барои тағйирдиҳии давраи ҳисоббарбаркунӣ хоҳиш надошта бошед, ба Шумо бастаи иловагии «Боз ҳам 3.0» кумак менамояд. Ин имконият зуд гигабайтҳоро ба тарофаи амалкунанда илова карда, имкон медиҳад, ки интернети мобилиро истифода баред. Дар ҳоле, ки агар якчанд рӯз паиҳам истифодаи фаъоли навигатор, тамошои видео ё вақтгузаронии зиёд дар интернет лозим ояд, бастаи иловагӣ хеле қулай хоҳад буд. Ҳатто амалҳои одатшудаи ҳаррӯза – мукотиба дар паёмрасонҳо, мусиқӣ, мутолиаи хабарҳо ва тамошои наворҳои кӯтоҳ метавонанд харҷи трафикро нонамоён зиёд намоянд.
Дар силсилаи «Боз ҳам 3.0» якчанд бастаҳои иловагӣ дастрас ҳастанд – аз 500 МБ бо нархи 8 сомонӣ то 5 ГБ бо нархи 40 сомонӣ. Шумо метавонед вариантеро вобаста ба он, ки то навсозии тарофаи асосӣ чӣ миқдор интернет лозим хоҳад омад, интихоб кунед ё якбора якчанд бастаҳои иловагиро пайваст намоед. Ҳамаи онҳо то лаҳзаи ситониши пардохти навбатии абонентӣ амал хоҳанд кард.
Маълумоти муфассал дар бораи шартҳои пайвастшавӣ ва арзиши баста – дар сомонаи расмии МегаФон Тоҷикистон ва замимаи «МегаФон Life».
АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






