Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Донишгоҳи Фрибург дар ҳудуди ағбаи Харгуши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои илмӣ-таҳқиқотии саҳроии геофизикӣ анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Таҳқиқот бо мақсади татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ», инчунин дар доираи нақшаи баргузории экспедитсияҳои Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд. Ҳадафи асосии таҳқиқот инчунин аз муайян намудани мавҷудият, чуқурии ҷойгиршавӣ ва хусусияти паҳншавии қабатҳои яхбандии бисёрсола дар минтақа иборат буд.
Ағбаи Харгуш бо сабаби дар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир шудан ва доштани шароити хоси иқлимӣ яке аз минтақаҳои муҳим барои омӯзиши равандҳои геокриологӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзиши чунин минтақаҳо барои муайян намудани ҳолати яхбандии бисёрсола ва равандҳои тағйирёбии он аҳамияти илмӣ дорад.
Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ бо истифода аз усулҳои муосири геофизикӣ сохтори қабатҳои зеризаминӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Ченкуниҳои геофизикӣ бо мақсади муайян намудани сарҳади қабатҳои яхкардаи замин, ғафсии қабати фаъол ва чуқурии эҳтимолии паҳншавии яхбандии бисёрсола гузаронида шуданд. Дар натиҷаи таҳқиқоти анҷомдода мавҷудияти яхбандии бисёрсола ё абадӣ дар ҳудуди ағбаи Харгуш муайян гардид. Маълумоти ҷамъоваришуда зимни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои муайян намудани ҳолати кунунии яхбандии бисёрсола, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити геокриологии баландкӯҳ ва ташкили низоми мониторинги дарозмуддат истифода хоҳад шуд.
Натиҷаҳои таҳқиқот барои омӯзиши минбаъдаи равандҳои криосферӣ, арзёбии устувории муҳити геологӣ ва пешгӯии тағйироти яхбандии бисёрсола дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон аҳамияти муҳими илмӣ доранд. Чунин экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба васеъ намудани доираи маълумоти илмӣ оид ба ҳолати криосфера ва яхбандии бисёрсола дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон мусоидат намуда, барои омӯзиши минбаъдаи равандҳои геокриологӣ заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.
Яхбандии бисёрсола яке аз қисматҳои муҳими криосфера ба ҳисоб рафта, то имрӯз ҳамаҷониба омӯхта нашудааст. Аз ин рӯ, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт, бахусус дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият






