Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.
Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд.
Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






