РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккул ва рушди низоми бонкии миллӣ яке аз самтҳои бунёди давлатдории мустақил маҳсуб мешавад. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ низоми бонкии Тоҷикистон роҳи пурраи ташаккул, ислоҳот ва навсозиро тай намуда, аз низоми навташкил ва осебпазири солҳои аввали истиқлол ба низоми муосири молиявӣ табдил ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин раванд дар заминаи сиёсати созанда ва бо роҳнамоиву дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ташкили низоми мустақили пулӣ, таъсиси институтҳои асосии бонкдорӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, рушди инфрасохтори пардохт, таҳкими танзиму назорат, густариши хизматрасониҳои молиявӣ ва гузариш ба технологияҳои рақамӣ марҳилаҳои асосии ин таҳаввулотро дар бар мегиранд.
Роҳи 35-солаи низоми бонкии Тоҷикистон
Агар роҳи 35-солаи низоми бонкии Тоҷикистонро дар як занҷири мантиқӣ ҷамъбаст кунем, он чунин шакл мегирад: бунёди сохторӣ → пули миллӣ → инфрасохтори пардохт → ислоҳоти ҳуқуқӣ → устувории молиявӣ → стандартҳои байналмилалӣ → фарогирии молиявӣ → рақамикунонӣ → пардохтҳои ғайринақдӣ.
Марҳилаи аввал (1991–2000)- бунёди низом ва истиқлолияти пулӣ;
Марҳилаи дуюм (2001–2014)- таҳкими институт ва инфрасохтор, мутобиқ кардани он ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва стандартҳои байналмилалӣ;
Марҳилаи сеюм (2015–2026)- баланд бардоштани сифати низом, устувории молиявӣ, самаранокии фаъолият ва гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ.
Бунёди низоми мустақили бонкӣ ва пули миллӣ
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкили низоми мустақили молиявию бонкиро ба миён гузошт. Дар оғози ин марҳила кишвар ҳанӯз низоми пулии мустақил надошт ва дар муомилот пулҳои давраи шуравӣ ва баъдан пулҳои Федератсияи Русия истифода мешуданд.
Дар чунин шароит зарурати ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии низоми бонкии миллӣ ба миён омад. Соли 1992 Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии кишвар ба институти асосии танзими пулу қарз ва фаъолияти бонкӣ табдил ёфт.
Рӯйдоди таърихӣ
Соли 1995 рӯйдоди таърихӣ ба амал омад: 10 май рубли тоҷикӣ ҳамчун пули миллии кишвар ба муомилот бароварда шуд. Ин қадам оғози воқеии ташаккули низоми мустақили миллии муомилоти пулӣ гардид. Ба ин васила имкон фароҳам омад, ки сиёсати пулию қарзӣ дар асоси манфиатҳои иқтисоди миллӣ ташаккул дода шавад.
Қабули қонун
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар соли 1996 мақом, ҳадаф ва ваколатҳои бонки марказӣ муайян ва дар ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқии сиёсати мустақили пулию қарзӣ фароҳам оварда шуд.
Нахустин низоми пардохтҳои электронӣ
Дар баробари ин, дар солҳои аввали истиқлол инфрасохтори бонкию пардохтӣ низ тадриҷан ташаккул ёфт. Соли 1995 хадамоти паёмҳои байнибонкӣ таъсис дода шуда, соли 1997 нахустин низоми пардохтҳои электронӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1998 Бонки миллии Тоҷикистон ба шабакаи байналмилалии SWIFT пайваст гардид, ки барои анҷом додани пардохтҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии низоми бонкии кишвар ба низоми молиявии ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дошт.
Ба муомилот баровардани «сомонӣ» ва истиқлолияти пулӣ
Нуқтаи ниҳоии ин марҳила ва ҳамзамон оғози давраи нави рушди низоми бонкӣ 30 октябри соли 2000 гардид. Дар ин рӯз пули миллии «сомонӣ» ба муомилот бароварда шуд. Ҳамин тавр, агар марҳилаи якумро бо як ибора тавсиф кунем, он марҳилаи ба даст овардани истиқлолияти пулӣ ва гузоштани таҳкурсии низоми миллии бонкӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳкими институтҳо ва гузариш ба низоми муосири молиявӣ
Бо ҷорӣ гардидани сомонӣ имконоти татбиқи сиёсати мустақили пулию қарзӣ васеъ гардиданд. Ва дар баробари таъсиси институтҳои бонкӣ баланд бардоштани самаранокии онҳо, ташкили инфрасохтори муосир ва таҳкими эътимод ба низоми молиявӣ низ аз ҳадафҳои асосӣ гардиданд.
Муомилоти тангаҳои филизӣ
Соли 2001 бо назардошти такмили сохтори пули миллӣ тангаҳои филизӣ ба муомилот бароварда шуд. Дар солҳои минбаъда абзорҳои сиёсати монетарӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил, захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозори озод ва механизмҳои танзими асъорӣ тадриҷан такмил ёфтанд.
Соли 2002 бо ба роҳ мондани маҷмааи «Палатаи ҳисоббаробаркунӣ» механизми ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ такмил дода шуда, муҳлати гузаронидани пардохтҳои байнибонкӣ то як рӯзи бонкӣ коҳиш ёфт. Ин қадам ба рушди инфрасохтори электронии пардохт замина гузошт.
Таъсиси Кумитаи сиёсати монетарӣ
Соли 2003 Кумитаи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ тадриҷан ба талаботи муосир мутобиқ гардид. Соли 2004 қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» барои ташаккули заминаи ҳуқуқии маблағгузории хурд ва васеъ гардидани дастрасии соҳибкорони хурд ба хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуд.
Ташкили фаъолияти бонкдории исломӣ
Дар солҳои 2005–2008 фаъолияти низоми бонкӣ ба таъмини бозори хизматрасониҳои бонкӣ, таҳкими эътимоди аҳолӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ, инчунин шаффофияти фаъолияти молиявӣ ва мутобиқ намудани баҳисобгирии муҳосибӣ ба стандартҳои байналмилалӣ равона гардид. Соли 2009 заминаҳои ташкили фаъолияти бонкдории исломӣ ва низоми миллии мониторинги молиявӣ гузошта шуданд. Ин раванд баъдан сабаби қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ» дар соли 2014 гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон-узви Алянси фарогирии молиявӣ
Соли 2011 Бонки миллии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Алянси фарогирии молиявӣ гардид. Ин иқдом барои мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳияи сиёсати фарогирии молиявӣ заминаи нав фароҳам овард.
Яке аз дастовардҳои марҳилаи дуюм ташкили Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» дар соли 2012 мебошад. Таъсиси Маркази миллии протсессингӣ дар ташаккули инфрасохтори мустақили пардохтии кишвар нақши назаррас дорад.
Ҳамкорӣ бо «Moody’s Investors Service» ва «Standard & Poor’s»
Соли 2013 заминаи ҳуқуқии танзими асъор такмил дода шуда, соли 2014 ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалии рейтингӣ, аз ҷумла «Moody’s Investors Service» ва «Standard & Poor’s» ба роҳ монда шуд.
Дар маҷмуъ, солҳои 2001–2014 марҳилаи гузариш аз ташкили низоми бонкӣ ба таҳкими сифатии он гардид. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқӣ, механизмҳои танзиму назорат, инфрасохтори пардохт ва робитаҳои байналмилалии низоми молиявӣ ба таври назаррас рушд карданд.
Ислоҳоти сохторӣ ва рақамикунонии низоми бонкӣ
Марҳилаи сеюми рушди низоми бонкӣ бо тағйироти муҳим дар сиёсати танзим ва рушди соҳа оғоз гардид. Агар дар солҳои қаблӣ масъалаи асосӣ васеъ намудани шумораи ташкилоти қарзӣ ва хизматрасониҳо бошад, аз соли 2015 таваҷҷуҳ бештар ба сифат, устувории молиявӣ, идоракунии хавфҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва самаранокии ташкилоти қарзӣ равона шуд.
Соли 2015 дар Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди сохторӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ таъсис дода шуд. Ин иқдом ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти ташкилоти қарзӣ дар назди муштариён амалӣ гардид.
Солҳои 2016–2021 ислоҳоти сохторӣ ба таҳкими ташкилоти қобили фаъолият, тақвияти талаботи сармоя, беҳтар намудани идоракунии хавфҳо ва таҳкими назорати молиявӣ равона гардид. Дар натиҷа сохтори низоми қарзӣ нисбат ба давраҳои қаблӣ сифатан тағйир ёфт.
Ҷорӣ гардидани механизми нави амалиёт дар бозори озод
Соли 2017 механизми нави амалиёт дар бозори озод ҷорӣ гардида, нақши меъёри бозтамвил дар идоракунии пардохтпазирӣ ва танзими ҳаҷми пул тақвият ёфт. Ҳамзамон ҳамин сол ваколати назорати суғуртавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор гардида, назорати бозори суғурта ба доираи фаъолияти танзимгар ворид шуд.
Соли 2018 масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо ба яке аз самтҳои калидии ислоҳоти низоми бонкӣ табдил ёфтанд.
Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо
Соли 2019 бо ба фаъолият оғоз кардани Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо инфрасохтори миллии интиқоли маблағҳо боз ҳам тақвият ёфт. Солҳои 2020–2021 таҳкими воситаҳои танзиму назорати асъор ва сиёсати монетарӣ идома дода шуд.
Яке аз тағйироти муҳим гузариши тадриҷии Бонки миллии Тоҷикистон ба реҷаи ҳадафгирии таваррум буд. Ин раванд заминаи сифатан нави татбиқи сиёсати пулию қарзиро ба вуҷуд овард.
Қабули Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ
Соли 2022 «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» қабул гардид. Дар меҳвари он дастрасии васеи аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ қарор гирифт.
Роҳандозии QR-рамзи ягона
Соли 2023 раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ суръати нав гирифт. Ба роҳ мондани QR-рамзи ягона дар доираи Низоми пардохтҳои босуръат аз 1 августи соли 2023 имкон фароҳам овард, ки муштариён бо истифода аз ҳамёнҳои электронии ташкилоти гуногуни қарзии молиявӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Соли 2024 таҳкими механизмҳои танзими бозори дохилии асъор ва қабули Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор марҳилаи нави такмили сиёсати асъорӣ ва институтсионалиро нишон дод.
Ба муомилот баровардани пули коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ
Соли 2025 низоми бонкӣ ба таҳкими нишондиҳандаҳои молиявӣ, афзоиши иқтидори маблағгузории иқтисодиёт, беҳтар намудани сифати дороиҳо, идоракунии хавфҳо ва таҳкими идоракунии корпоративӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамин сол бахшида ба 25-солагии ба муомилот баровардани сомонӣ аввалин бор пули коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.
Фаъолияти 69 ташкилоти қарзии молиявӣ
Нишондиҳандаҳои соли 2026 аз тағйири миқёси низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳанд. Ба ҳолати 30 июни соли 2026 дар низоми бонкии Тоҷикистон 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 21 фонди қарзии хурд фаъолият намуда, шумораи воҳидҳои сохтории онҳо ба 1 971 адад расидааст.
Дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба 63,6 миллиард сомонӣ, сармояи онҳо ба 12,1 миллиард сомонӣ, пасандозҳо ба 36,9 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 16,9 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Насби 10 ҳазору 561 терминали электронӣ
Дар баробари афзоиши иқтидори молиявӣ инфрасохтори низоми бонкӣ низ аз ҷиҳати технологӣ тағйир ёфтааст. Соли равонро метавон марҳилаи нави рушди низоми бонкӣ – рақамикунонӣ унвон кард. Ба санаи 30 июни соли 2026 дар кишвар 10 561 терминали электронӣ барои пардохтҳои ғайринақдӣ насб гардида, шумораи кортҳои пардохтӣ ба 12,4 миллион адад ва ҳамёнҳои электронӣ ба 19,8 миллион адад расидааст. Дар нимсолаи якуми соли равон ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ 41 фоизро ташкил медиҳад.
Пардохтҳои рақамӣ
Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки пардохтҳои рақамӣ дигар танҳо як воситаи алтернативии ҳисоббаробаркунӣ набуда, балки тадриҷан ба қисми муҳимми фаъолияти иқтисодии кишвар табдил меёбанд.
Дар маҷмуъ, низоме, ки дар оғози истиқлол барои таъмини муомилоти пулӣ ва ташаккули институтҳо талош мекард, ҳоло дорои низоми миллии пардохт, инфрасохтор ва механизмҳои муосири электронии пардохт ва назорати бонкӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стратегияи фарогирии молиявӣ мебошад.
Марҳилаи нави рушди низоми бонкии Тоҷикистон
Имрӯз низоми бонкии мамлакат бо дороиҳои даҳҳо миллиард сомонӣ, шабакаи васеи ташкилоти қарзии молиявӣ, миллионҳо корт ва ҳамёни электронӣ, инфрасохтори васеи пардохтҳои рақамӣ ва воситаҳои муосири танзиму назорат ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Ҳамин аст роҳи 35-солаи тайнамудаи низоми бонкии Тоҷикистон- аз рубли тоҷикӣ то сомонӣ, аз пардохти анъанавӣ то QR-рамзи ягона, аз низоми навташкил то низоми муосири молиявӣ ва аз хизматрасонии бонкӣ то бонкдории рақамӣ.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад






