РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе тамоюли ба кор андохтани корхонаҳои нав ва иқтидори нави истеҳсолӣ ҷараён гирифта, шумораи корхонаҳои саноатӣ дар соли 2015-ум 534 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 443 адад ё 5,9 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе аз маркази маъмурӣ ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт. Зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд, зеро дар баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойи кор низ зиёд мегардад.
Инкишофи соҳаи саноати коркард
Соли 2025 миқдори корхонаю коргоҳҳои саноатии шаҳр ба 850 адад расид, ки қисми асосиашон ба соҳаи саноати коркард рост меояд.
Тавре сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Даврон Сафарализода иброз намуд, дар ин давра соҳаи саноати коркард аз ҳама бештар инкишоф ёфт. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли ин соҳаи саноат ба 4,2 миллиард сомонӣ ё 60,9 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли соҳаи саноат расонида шуд.
Шумораи корхонаҳо давоми 10 соли охир
Дар 10 соли охир дар ҳудуди шаҳр 278 корхонаи нави саноатӣ бо 3711 ҷойи кори нав бунёд ва ба истифода дода шуд. Шумораи миёнаи кормандон дар соҳаи саноат соли 2025 ба 18,6 ҳазор нафар баробар гардид. Рушди соҳаи саноати шаҳр ба амалишавии ҳадафи стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, ҷиҳати гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсикунонии рушд, баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар ин замина фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои сокинони шаҳри Душанбе заминаи воқеӣ мегузорад.
Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар шаҳр ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Солҳои охир соҳаи саноати шаҳри Душанбе тамоюли афзоиши рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд гардидааст.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати шаҳри Душанбе афзалият дошта, ба ҳисоби миёна 10,4 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна соли 2025-ум 5375,3 сомониро ташкил додааст.
Рушди устувори саноати хӯрокворӣ
Саноати хӯрокворӣ давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ рушди устувор дошта, солҳои охир дар баробари таъмини пурраи бозори дохилӣ бо обҳои маъданӣ, обҳои ташнагишикан, нӯшокиҳои спиртдор, спирти этилӣ, намаки ошӣ, консерваҳои меваю сабзавот қисми маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот гардид.
Дар маҷмуъ шумораи корхонаҳои хӯрокворӣ соли 2025 ба 222 адад расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011-ум 2,7 баробар ё 139 адад зиёд аст.
Таваҷҷуҳ ба саноати сабук
Яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати шаҳри Душанбе- ин соҳаи саноати сабук ба шумор меравад. Коркарди ашёи хоми маҳаллӣ — нахи пахта, пӯст, пашм ва пилла, самаранок истифода намудани иқтидори мавҷуда, ташкили ҷойи кори нав ва вусъати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида афзалияти соҳа муайян гардид.
Таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии роҳбарияти ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи саноати сабук сабаб гардид, ки таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав, воридоти технологияи муосир ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда дар соҳаи мазкур сол аз сол рушд ёбад. Дар маҷмуъ шумораи корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ соли 2025 ба 50 адад расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011-ум 2,6 баробар ё 31 адад зиёд аст.
Рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ
Саноати масолеҳи сохтмонӣ низ яке аз соҳаҳои муҳими саноат дар шаҳр арзёбӣ гардида, дар рушди иқтисодиёти шаҳр саҳми назаррас мегузорад. Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳо фаъолият намуда, эҳтиёҷоти иншооти сохтмонӣ, гидроэнергетикӣ, роҳсозӣ ва истиқоматиро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон якчанд маҳсулоти нави саноатӣ, аз қабили гаҷкартон, мех, дару тирезаҳои алюминӣ, дару тирезаҳои филизӣ-пластикӣ, велосипед, автобус, маргарин, шампун, тушбера, маҳсулоти фарматсевтӣ, ниқоби тиббӣ, либоси мактабӣ, либоси тиббӣ, матои адрас, пойафзоли резинӣ, сачоқчаҳои намнок ва хушк, сӯзишвории дизелӣ, ранги сохтмонӣ, моеъи зарфшӯӣ, фибробетон, газаблок, черепитса аз оҳан, қубурҳои пластикӣ, обгармкунаки барқӣ, чангкашаки барқӣ, мошинаи ҷомашӯӣ, лампаҳои каммасрафи барқӣ, сӯзандору, бозичаҳои кӯдакона, уребча ва яхдон истеҳсол гардиданд.
Эълони Солҳои рушди саноат
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла иброз намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».
Ин пешниҳоди Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Инчунин он имкон дод, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад ва муҳимтар аз ҳама, сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии мамлакат аз ашёи хоми воридотӣ паст карда шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ






