Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд

Сентябрь 22, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо нависандаи машҳур  Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба муҳтавои китобҳои марбут ба таърихи тоҷикон,  омодасозӣ ва  нашри  онҳо  гуфтугӯ ва табодули назар доир шуд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин  мақолаи нави нависандаи кувайтӣ бо унвони «Тоҷикон дар таърихи башарӣ ва исломӣ», ки чанде пеш дар маҷаллаи «Баён», нашрияи Анҷумани нависандагони Кувайт ба чоп расидааст, таҳлил карда шуд.

Сафир аз таваҷҷуҳи Нодир Ал-Вусайр ба таърихи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва талошҳои ӯ барои муаррифии нақш, саҳми таърихӣ ва тамаддунии тоҷикон дар таърихи  башарӣ изҳори қадрдонӣ намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 22, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд