Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (CECECO) Айсел Ягубова мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар доданд, зимни мулоқот ҳавасмандии Марказ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи тоза ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Айсел Ягубова оид ба фаъолияти Марказ ва имконоти мавҷуда барои рушди ҳамкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба табодули таҷриба, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон








Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






